Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи нахустин ҷаласаи саҳҳомони Роғун дар Душанбе


Ҷаласаи нахустини саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Душанбе бо иштироки Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон оғоз ёфт. Аз вазорати молия ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, барои сабтиноми саҳҳомон дар ҳар минтақаи кишвар марказҳои махсус ташкил ёфта буд. Аммо манобеи расмӣ дар бораи теъдоди умумии саҳҳомони Роғун иттилоъ надодаанд. Маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз моҳи январи соли 2010 дар тамоми ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Вале ин маърака бо тавсияи Сандуқи байналмилалии пул тобистони соли гузашта мутаваққиф шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба маблағи 190 миллион доллар саҳмия ба фурӯш рафтааст.
XS
SM
MD
LG