Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико бо Ҳинду Чин ё бо Аврупо?


Суханронии Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико дар баробари ҳарду маҷлиси парлумони Бритониё дар Вестминстер Ҳолл

Суханронии Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико дар баробари ҳарду маҷлиси парлумони Бритониё дар Вестминстер Ҳолл

Барак Обама дар парлумони Бритониё дигарбора ба аҳамияти мушорикати Вашингтон бо Бритониёву Аврупо таъкид кард.

Обама гуфт, бо вуҷуди азми Амрико барои таҳкими равобиташ бо қудратҳои дар ҳоли рушде, чун Ҳинду Чин, дар меҳвари сиёсати Амрико боз ҳам нақши ҳамкориҳои трансатлантикӣ ҷудо ва болост.
Кишварҳое, чун Чину Ҳинд ва Бразил босуръат ба пеш меҷаҳанд...


Раисиҷумҳури Амрико ин эътилофро дар шароити кунунӣ, ки дунё ба чолишҳои ҷиддие рӯбарӯст, ногузир хонд.

Барак Обама гуфт, Амрикову муттаҳидинаш ба далели тағйироти сареъ ва чолишҳое - аз бӯҳрони моливу терроризм ва тағйири иқлим то ба эътирозҳои ахири ҷаҳони Араб - дар як нуқтаи атфи таърихӣ қарор доранд.

Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё ва Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
"Ин чолишҳо дар ҳоле пеш омаданд, ки низоми байналмилалӣ аллакай барои асри нав либоси дигар ба бар кардааст. Кишварҳое, чун Чину Ҳинд ва Бразил босуръат ба пеш меҷаҳанд. Мо бояд аз ин таҳаввул истиқбол кунем, чунки он бори фақрро аз дӯши садҳо миллион нафар дар дунё барандохта, бозорҳои наву фурсатҳои нав фароҳам меорад. Бо чунин тағйирот, дар бархе доираҳо мӯд шудааст, ки дам аз коҳиш ёфтани нуфузи Амрикову Аврупо бизананд. Далелашон ин аст, ки оянда бо ин кишварҳост ва даврони раҳбарии мо паси сар шуд. Ин далел хатост”,-афзуд ӯ.

Обама нахустин президенти Амрикост, ки дар баробари ҳарду маҷлиси парлумони Бритониё дар Вестминстер Ҳолл суханронӣ кард.

ДАР БОРАИ АФҒОНИСТОН ВА ҚАЗЗОФӢ

Ӯ дар Лондон бо сарвазири Бритониё Девид Камерон ҳам мулоқот дошт. Обама ва Камерон дар ин дидор тааҳҳуди худ ба ҳамкорӣ дар масоили калидии ҷаҳонӣ, чун ҷанги Афғонистон, амалиёти НАТО алайҳи ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ ва ҳимоят аз эътирозгарони демократияхоҳ дар кишварҳои ошӯбзадаи ҷаҳони Арабро изҳор доштанд. Обама ҷиҳати идомаи фишори афзоянда алайҳи режими Қаззофӣ ваъда супурд ва бо даъвати дигарбора ба истеъфои Қаззофӣ гуфт, амалиёти НАТО оқибат самар хоҳад дод.

Девид Камерон гуфт, Амрикову Бритониё ба нишасти сарони гурӯҳи Ҷӣ8 дар Фаронса, ки 26-уми май оғоз ба кор хоҳад кард, фишор хоҳанд овард, то “барномаҳои бузурги ҳимояти иқтисодиву сиёсӣ” аз мардумеро, ки “барои озодӣ” дар ҷаҳони Араб мубориза мебаранд, бипазиранд.

МУБОРИЗА БАРОИ ОЗОДӢ?

"Мо дар канори онҳое хоҳем истод, ки барои озодӣ мубориза мебаранд. Ин аст паёме ки мо зимни исрор ба барномаҳои бузурги ҳимояти иқтисодиву сиёсии кишварҳои ислоҳҷӯ ба самъи нишасти Ҷӣ8 хоҳем расонд. Дар мавриди Либия мо дидгоҳи худро бори дигар изҳор мекунем: Ояндаи Либияро бо ҳифзи Қаззофӣ дар қудрат тасаввур кардан имконнопазир аст. Ӯ бояд биравад.”


Ҳарду раҳбар дар мавриди Афғонистон низ ба аҳамияти то поёни соли 2014 ба нерӯҳои афғон супурдани масъулият таъкид кардаанд. Амрико дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 000 сарбоз дорад. Бритониё бо тақрибан 10 000 сарбоз аз лиҳози шумора дар ҳайъати нерӯҳои эътилоф баъд аз Амрико дуввум аст.

МУХОЛИФАТҲОИ МАСКАВ

Аммо Маскав бо нашри як баёния ҳушдор додааст, ки минбари нишасти Ҷӣ8 набояд ба хотири “таҳримот ва фишорҳои таҳрикомез” алайҳи режимҳои ҳокими ҷаҳони Араб истифода шавад. Аксари ин режимҳо бо Русия ҳамкории наздик доранд ва Маскав то кунун алайҳи истифодаи нерӯ алайҳи муттаҳиди аз даври шӯравӣ бозмондааш – Сурия ва режимҳои дигари арабӣ қад алам кардааст.

Баёнияи ахир ба ин маъност, ки Русия дар нишасти Ҷӣ8 низ назари дигар хоҳад дошт. Назаре, ки аз мавқеи Амрикову муттаҳидинаш ҳатман фарқ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG