Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” ва “Регар” дар бозиҳои Лигаи олӣ


Шоми чоршанбеи 25-уми май ду бозии сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бо ширкати дастаҳои пешсаф баргузор шуд, ба анҷом расид.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, пас аз пирӯзӣ дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Мянмар, дар бозии
Ду даста - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расонданд. Кӯлобиҳо бо 20 имтиёз аз 10 бозӣ дар ҷойи аввал қарор доранд...

мавқуфмондаи даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бар тими мизбон - ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Нахуст ҳамлагар Юсуф Рабиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 20-уми дидор ҳисобро боз кард.

Баъд аз 16 дақиқа ҳамлагар Обидҷон Исмоилов, капитани ССКА “Помир”, ҳисобро баробар намуд. Ду голи дигари “Истиқлол”-ро Ҷаҳонгир Ҷалилов (дақиқаи 48-ум) ва Александр Кудряшов (62), легионери русиягӣ, дар нимаи дуввум ба самар расонданд.

Даври 11-уми мусобиқот бо бозии дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Энергетик”-и Душанбе, ки бегоҳи чоршанбе дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода сурат гирифт, шурӯъ шуд.

Нимаи аввали ин бозӣ бидуни гол поён ёфт. Мизбонон Аскар Равшанов ва Хуршед Маҳмудов, капитани “Регар-ТадАЗ”, дар нимаи дуввуми дидор ду бор тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карда, бозиро бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи худ анҷом доданд.

Вале натоиҷи ин ду бозӣ ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард.

Ду даста - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расонданд. Кӯлобиҳо бо 20 имтиёз аз 10 бозӣ дар ҷойи аввал қарор доранд.

Дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” 19-имтиёзӣ гирифтаанд. Вале душанбегиҳо се бозӣ камтар кардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” пеш аз “Регар-ТадАЗ” дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст.
Чаҳор бозии дигари даври 11-уми мусобиқот рӯзҳои 26-ум ва 28-уми май баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Равшан»

10

6

2

2

16-8

20

2.

«Истиқлол»

7

6

1

0

16-2

19

3.

Регар-ТадАЗ”

10

6

1

3

19-12

19

4.

Энергетик”

10

5

1

4

14-14

16

5.

Хайр»

8

4

2

2

10-5

14

6.

ССКА “Помир”

9

4

1

4

17-15

13

7.

«Хуҷанд»

9

3

3

3

9-12

12

8.

“Шодмон”

9

3

1

5

14-15

10

9.

“Парвоз”

9

3

0

6

10-24

9

10.

«Гвардия”

8

1

2

5

7-18

5

11.

«Вахш”

9

1

0

8

8-15

3



Бозиҳои даври 11-ум

26 май (панҷшанбе)


«Хуҷанд» - «Парвоз»
«Вахш» - “Гвардия”

28 май (шанбе)
“Шодмон” - “Истиқлол”
«Хайр» - ССКА «Помир»

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG