Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргириҳо дар Санъо шиддат мегиранд


Чирикиҳои содиқ ба Содиқ Аҳмар дар сангар

Чирикиҳои содиқ ба Содиқ Аҳмар дар сангар

Даргириҳо дар Яман байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳое, ки талош доранд раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро барандозанд, шиддат мегирад. Субҳи имрӯз таркишҳои сангин Санъо, пойтахти Яманро таккон дод. Дар шимоли Санъо, маҳалле, ки ҷангиҳои содиқ ба раҳбари пурнуфузи қабила Содиқ Аҳмар ба идороти давлатӣ, аз ҷумла ба вазорати дохила ҳамла карданд, аз рӯзи душанбе ба ин сӯ беш аз 40 нафар кушта шуданд. Амрико ба далели вазъи амниятӣ ба тамоми кормандони номуҳим ва аъзои хонаводаи ходимони сафораташ дар Санъо амр додааст, то Яманро тарк гӯянд.
XS
SM
MD
LG