Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби севвуми ҳамлаҳои НАТО ба Троблус


Нирӯҳои НАТО шаби гузашта дигарбора пойтахти Либияро бомббор кардаанд. Телевизиони давлатии Ал-Ҷамоҳирияи Либия бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, ҳамалот болои Троблус мунҷар ба “талафоти ҷониву молӣ” шудааст. Инак, 3 шаб боз ҳавопаймоҳои НАТО Троблусро ҳадаф қарор додаанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро ҳушдор дод, ки фишор бо талаби аз қудрат рафтани ӯ заррае коҳиш нахоҳад ёфт. Имрӯз дар нишасти сарони G8 дар Фаронса низ вазъи Либия баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG