Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомот дар Афғонистон мегӯянд, нирӯҳои афғон ва эътилоф дар пайи як набарди сангин, ки 28 ҷангии толибро кушта ба ҷо гузошт, улусволии дурдасти Дуоб дар вилояти шимолушарқии Нуристонро дубора ба даст овардаанд. Волии Нуристон Ҷамолуддин Бадр гуфт, чирикиҳои толиб қаблан қисматҳои ғарбии улусволии Дуоб дар ин вилояти ҳаммарз бо Покистонро ишғол карда буданд. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, нирӯҳои афғон аз чархболҳо пойин шуда, улусволиро “бидуни таъхир” аз чирикиҳо пок карданд. Сухангӯи нирӯҳои таҳти фармони НАТО аммо гуфт, амалиёт муштарак буд.
XS
SM
MD
LG