Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи тарҳи маҳкумияти Сурия дар Шӯрои Амният


Раҳбари Сурия Башшор Асад

Раҳбари Сурия Башшор Асад

Кишварҳои аврупоӣ тарҳи қатъномаи Шӯрои Амниятро таҳия кардаанд, ки Сурияро барои саркӯбии тазоҳургарони осоишта маҳкум мекунад.Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли дипломатҳо дар СММ хабар доданд, ки Бритониёву Фаронса ва Олмону Португалия ин тарҳро ба боқӣ аъзои Шӯрои Амният ирсол кардаанд. Кишварҳои аврупоӣ таҳти ҳимояти Амрико дар моҳи гузашта ҳам талош карданд, ки Шӯрои Амният хушунатҳои Сурияро маҳкум кунад. Вале Русия ба он мухолифат нишон дод. Чину Ҳинд низ бидуни кадом ишораи маҳкумият ба ҳалли сулҳомези ин буҳрон даъват карданд.
XS
SM
MD
LG