Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Фурсати раҳбарии Амрикову Аврупо ҳолост!


Обама дар парлумони Бритониё

Обама дар парлумони Бритониё

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар парлумони Бритониё гуфт, рушди қудратҳое, чун Чину Ҳинд ё Бразилия ба маънои коҳиши нуфузи Амрикову Аврупо нест, балки фурсати раҳбарии онҳо дар ин ҷаҳони дар ҳоли таҳаввули босуръат тоза пеш омадааст. САДО
Обама дирӯз, дар рӯзи дуввуми боздидаш аз Бритониё ҳамроҳ бо сарвазири ин кишвар Девид Камерон бори дигар хостори истеъфои ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ шуда, ҳушдор доданд, ки дар нишасти рӯзи панҷшанбеи сарони гурӯҳи Ҷӣ 8 дар Фаронса ба афзоиши фишор алайҳи Қаззофӣ пой хоҳанд фишурд. Обама гуфт, дар ин нишаст мавзӯъи ҳимояти кишварҳои пешрафта аз ташвиқи демократия дар Ховари Миёна низ баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG