Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донистани тоҷикӣ ба ходимони давлатӣ ҳатмӣ шуд


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, бо таҳрири чанд қонун донистани забони давлатиро барои кулли ходимони давлатӣ ҳатмӣ кард. Аз ин ба баъд зимни истихдом ба идороти давлатӣ донистани забони давлатӣ як шарти ҳатмӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вакилон, довталабони кор дар идороти давлатӣ бояд акнун аз забони давлатӣ имтиҳон бисупоранд.
Дар Тоҷикистон аз соли 1989 забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ пазируфта шудааст. Қонуни забон бо забони тоҷикӣ ба роҳ мондани тамоми коргузориро дар Тоҷикистон тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG