Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳсил дар мадориси хориҷӣ маҳдуд шуд


Абдураҳим Холиқов

Абдураҳим Холиқов

Парлумони Тоҷикистон бо илҳоқи тағйирот ба қонуни дин таҳсили толибилмони тоҷик дар мадориси мазҳабии хориҷиро бидуни иҷозати расмии мақомот манъ кард. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин гуфт, ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи субот ва амнияти муҳити динист.
Ба ин тағйирот танҳо ду вакили Ҳизби наҳзати исломӣ раъйи мухолиф додаанд. Эҷоди маҳдудият дар роҳи таҳсили динӣ дар хориҷ дар ҳолест, ки соли гузашта бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 1400 донишҷӯи тоҷикро аз мадориси динии кишварҳои исломӣ пас оварданд.
XS
SM
MD
LG