Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз сарони G8 дар Дювилл ҷамъ хоҳанд шуд


Раҳбарони G8 дар нишасти як сол қабл дар Канада

Раҳбарони G8 дар нишасти як сол қабл дар Канада

Имрӯз, 26 май, дар Дювилли Фаронса нишасти дурӯзаи сарони гурӯҳи G8 оғоз ба кор мекунад. Имрӯз раҳбари маҷмаъи парлумонии Аврупо Мавлуд Ковусуғлу ва дабири кулли Шӯрои Аврупо Торбём Ягланд бо як сафари дурӯза вориди Украина мешаванд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон низ барои 2 рӯз ба Сербистон ва Косово меравад. Имрӯз дар Порис аз 50-солагии таъсиси OECD- Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ таҷлил хоҳанд кард. Парлумони Арманистон имрӯз тарҳи қонуни афвро баррасӣ мекунад. Қарор аст, имрӯз соҳибкорон дар Русия даст ба корпартоӣ бизананд. Ва ҳам имрӯз, 26 май иди истиқлоли Гурҷистон аст. Гурҷистон соли 1918 дар ҳамин рӯз аз ҷумҳурии ҷавонмарги Қафқоз ҷудо шуд.
XS
SM
MD
LG