Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар хабари дигар, Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аз исроилиҳо ва фаластиниҳо даъват кард, ба хотири эҳёи раванди беҳаракати сулҳи Ховари Миёна ба “гузаштҳои қатъӣ” иқдом кунанд. Вай гуфт:

“Ва дар ҳоле ки бисёриҳо дар минтақа мехоҳанд, аз дӯшбори гузашта раҳо шаванд, мо ҳамнавоем, ки даъват ба сулҳи пойдор ба хотири хатми низоъи исроилу фаластинӣ ва ҳалли ҳамаи даъвоҳо беш аз ҳар вақти дигар муҳимтар шудааст.”

Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу даъвати Обамаро ба оғози нави гуфтугӯи сулҳ дар заминаи бозгашти Исроил ба марзҳои пеш аз соли 1967 рад кард. Обама дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Британия, Дейвид Камерон, инчунини гуфт, маъракагирии эҳтимолии фаластиниҳо барои эътирофи давлати Фаластин дар Созмони Милал як “иштибоҳ” хоҳад буд. Раҳбари фаластиниҳо, Маҳмуди Аббос, гуфт, агар раванди сулҳ то моҳи сентябр эҳё нагардад, фаластиниҳо аз Созмони Милал шинохти давлати хешро талаб хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG