Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова қарори эътирофи исломро бознигарӣ мекунад


Сарвазири Молдова, Влад Филат гуфтааст, санади эътирофи расмии исломро ба ҳайси яке аз динҳои кишвараш бознигарӣ хоҳад кард. Вай ин ваъдаро дар мулоқот бо раҳбари Калисои православи Молдова, исқуф Владимир изҳор дошт. Вазорати адлияи Молдова дар нимаҳои моҳи март созмони Лигаи исломиро сабти ном кард ва ин иқдом вокунишҳои шадиди калисо ва коммунистони Молдоваро ба вуҷуд овард. Ҳафтаи гузашта зиёда аз 1000 нафар насронӣ ба нишони эътироз раҳпаймоӣ карданд ва сарони калисо дар хутбаҳои худ аз гирифтани номи сарони давлат худдорӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG