Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзаҳои динӣ дар парвариши ҳар шахс нақши муҳим доранд, вале мо тоҷикон дар дарозои ин ҳазору сесаду чанд сол аз донишҳои динӣ истифодаи дуруст надоштаем. Миллат ва давлате, ки худро аз умури диннӣ канор мегирад, ба ғалатҳои фоҳише роҳ дода, хисороти ҷуброннопазир бор меоварад.

Дар бораи «миллат», «дин» ва «давлат» доноёни тавоно таҳқиқоти бешумор бурда, пайванд ва нақши онҳоро дар макону замон таъйин кардаанд. Дар мавзӯи вижаи миллати тоҷик, дини ислом ва Давлати Тоҷикистон низ пажӯҳишҳои арзанда сурат гирифтааст, аммо тавре, ки ба чашм мехӯрад, ин тадбирҳо ҳанӯз натавонистаанд ниёзҳои миллии моро бароварда созанд ва ҳатто нишондодҳои мушаххаси президент Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба навсозӣ ва бозсозии тафаккури миллӣ, то ҷое ки пайдост, дар зеҳни ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҷой нагирифтааст.

ДИН ВА ҒАФЛАТИ МИЛЛӢ

Андешамандон ва масъулони ҳукумативу динӣ ба паҳлӯҳои муҳими муносиботи се рукни ҷомеа - миллат, дин ва давлат аз паси айнаки сиёсатшиносии коммунистӣ, сирф динӣ ва ё ғарбзадагӣ нигоҳ, карда, он паҳлӯҳоеро, ки ба баҳрагирии миллӣ дахолат мекунанд, ночиз ва дуввумдараҷа донистаанд.

Нодида гирифтани падидаи миллӣ, яъне бетафовутии миллӣ аз таълимоти интернатсионалистии ленинӣ (ки дар коммунизм миллат барҳам мехӯрад), аз вуҷуд надоштани миллат дар ислом ва ниҳоят аз иллати тайи сездаҳ сада (ба истиснои садсолаи даврони Яъқуб бинни Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ) таҳти шиканҷаи қавми Яғмо, гум кардани рӯҳи ориёӣ маншаъ мегирад. Таърифи буғранҷи ленинии миллат, ки бар асоси он ақвоме миллат буда метавонанд, «таърихан дар заминаи ягонагии забон, ҳудуд, ҳаёти иқтисодӣ ва хавоси рӯҳӣ ташаккул ёфта, дар тамаддуни умумӣ зоҳир гардиданд», мо тоҷиконро қонеъ кунонда наметавонад.

Дар ин росто ёдовар шудани як лаҳзаи солҳои донишҷӯии мо дар Донишгоҳи Давлатии Миллӣ, метавонад подарҳавоии баҳои ленинии миллатро далел бошад. Соли 1972 мо, хатмкунандагони донишгоҳ, бо устодон ва донишмандон, дар толори бузург суханронии доктори фалсафа, профессореро (аз овардани ному насаб ба хотири даргузашташон имтиноъ меварзам), унвонии «Таджикская социалистическая нация -- детище Великой Октябрской Социалистической Революции» (Миллати Сотсиалистии точик - фарзанди Инқилоби Кабири Октябр) шунидем.

Пас аз пурсиши «Саволҳо ҳаст?», як ду тан аз ҳозирон, ба истилоҳи мардумӣ «Барои замонаву дунё бо нотиқ пурсишу посухе радду бадал карданд ва дигар касе гӯё сари ин мавзӯъ тазодеро намедид, бештар шояд дурандешона, аз тарси саҳви сиёсӣ кардан, хомӯширо беҳ донистанд».

Банда унвони он мавзӯъ, яъне зодаи як инқилоби кишвари дигар будани қавми хешро таҳқир донистам ва шӯри ҷавонӣ водор кард, даст боло карда рухсати пурсиш бигирам. Дар зимн гуфтам, ки «он 12 миллион тоҷике, ки дар зодбуми таърихии тоҷикон - вилоятҳои Балх, Самангон, Тахористон, Қундуз, Бағлон, Ҳирот, Кобул, Чорикор, Ғазнин, Гардез, Лағмон, Каписо, Фориёб, Бомиён, умуман дар 80 дарсади паҳнаи кунунии Афғонистони имрӯза будубош доранд, бе Инқилоби Октябр худро тоҷик медонанд, чӣ миллатеанд?»

Ман ба тозагӣ аз он кишвар омада будам ва бо чашми худ дидам, ки вижагиҳои забонӣ, этникӣ, фарҳангии мову онҳоро тавофути байни як ноҳия, ё як вилоят аз ноҳия ё вилояти дигари тоҷикнишин беш нест. Нотиқ, ба хотири қонеъ сохтани пурсишгар чаранд-парандҳое, аз қабили тоҷикони он кишвар ҳанӯз миллат нашудаанд, гуфт. Аз ҷониби дигар он касро вазифаашон буд, ки ҳамон тавр бигӯянд, зеро риштаи пажӯҳишашон ва маслакашон «Коммунизми илмӣ» буд.

Шояд таърифи ленинии миллат бар ақвоми рус, инглис, олмонӣ ва умуман миллатҳои муттаҳиду муқтадир саҳеҳ бошад, вале барои мисли мо, қавми мазлуме, ки хурд шудааст, пора шудааст, дубора аз нав сохта мешавад ва ҳоло низ аз ин матои куҳани дуҳазорсола қавмҳои дигаре чун афғон, ӯзбак, туркман, суннӣ, шиъӣ, исмоилӣ ва ғайра миллат месозанд, он назария ба ҳеҷ рӯй дуруст нахоҳад буд.

Аз баррасии дидгоҳҳои фақеҳон бармеояд, ки нигариши умумии ислом бар миллат марбут ба шеваҳои гуногуни динӣ мебошад. Яъне, тавре ки гуфта шуд дар дини ислом миллат вуҷуд надорад. (Дар «Латоиф» ва шарҳи «Нисоб» ба маънии гурӯх, ва дар «Суроҳ» ба маънии шариат, кеш омадааст) ва ҳангоме ки вожаи «миллат» истифода мешавад, яке аз 72 шеваҳои дин дар назар аст. Ончуноне Ҳофиз гуфтааст:

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.


Ҳамин тавр қавми худопарасту зудбовари тоҷикро фақеҳони дину ойинашон таълим додаанд, ки худнигарӣ ва худандешии миллӣ бояд барояш арзише надошта бошад, як тӯда сиёсатмадорони соҳибунвон ӯро зодаи инқилоби кабири русҳо талаққӣ кардаанд, имрӯз сиёсату иқтисоди сармоядории ғарбӣ бо тафаккури барояш ҷадид ворид шуда, истилоҳоте аз қабили «глобализатсия»-ро пешкашаш мекунад ва қавми дар ҷустуҷӯи як пора нон, ҳар чиро пешниҳодаш кунанд, шояд ба хотири наҷот қабул мекунад.

Аммо накунад, ки ин интернатсионализмҳои болшевикиву динӣ ва ғарбзадагӣ қавми бе ин ҳам масунияти (иммунитети) заъиф доштаро ба мунҳалшавӣ ва нобудӣ оварад. Таърих мисолҳои бешумореро дорад, ки қавмҳои бузурге ҳастии миллии худро аз даст дода, ба ақвоми дигар табдил ёфтаанд.

Воқеан, барои овардани намуна китобҳоро варақ задану тоифаҳои дигареро номбар кардан шарт нест. Ҳамин сарнавишти Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Термез, Марв баёнгари мунҳалшавиву табдилшавии тоҷикон аст ва мо зиндаҳои имрӯза шоҳидони он раванди тадриҷии нанговар мебошем. Шояд аз ақвоме чун арманӣ, рус ва яҳудӣ месазад пурсид пайгири кадом шева буданд, ки мисли мо дар ғафлат намонда, ҳастии худро солим нигоҳ доштаанд?

Аз роҳи шиносоӣ бо китобҳои диниву таърихии онҳо (яҳудиён, арманиҳо, русҳо) пай мебарем, ки бузургони дурандеши ин ақвом дар гузаштаи дур ба бовариҳои динии хеш ҷилои миллӣ бахшида, дар зеҳнҳои мардум дар баробари меҳри худованд, андешаҳои худогоҳии миллиро ҷой кардаанд. Миллати ба ростӣ ҳам бузурги русро қатли ому таҳти юғи истисмори 300-солаи тотору муғул қарор доштан, дар сари худ шоҳони олмонитабор доштан (Екатерина, Елизавета....) натавонист ҳастии русии славяниашро аз байн бибарад ва саранҷом онҳо ғосибони худро ғасб кардаанд. Чунки обишхӯри рӯҳи русиашон калисои православии онҳо буд ва ҳаст.

Дини насронӣ шохаҳои гуногун дорад, вале шохаи (епархияи) православии он марбути танҳо миллати рус мебошад. Калисоҳои Русия бо ноқусҳои худ дар таърих аксаран нақши дежи (қалъаи) мудофеони ватанро бозидаанд ва кашишҳо маъмулан низомиёнро пеш аз равон шудан ба муҳорибаҳо дуо медоданд, ба силоҳашон "оби муқадддас" мепошиданд. Шаҳидонро бо маросимҳои вижаи динӣ мегӯронданд, ба қаҳрамонон мартабаи «Святой» (муқаддас) ва қатлшудагон «Святой мученник» (шаҳиди муқаддас) медоданд.

Ҳатто соли сипаришуда, пас аз 200 сол, калисои Маскав ва кулли Русия ба адмирал Ушаков мартабаи динии «Муқадддас» ато кард. Калисои православии русҳо новобаста ба эътиқоди сиёсӣ, ба шаҳидони қатлшудаи роҳи озодӣ, мартабаи «Шаҳиди муқаддас» медиҳад. Бад – он сон, ки соли гузашта ин мартабаи диниро ба комсомолдухтар Зоя Космодемянская дода буданд, ки аз дасти фашистҳо қатл шуд. Калисои православии рус аз ҳамон гузаштаҳои дур «Инҷил» ва ҳамаи дуову ниёишҳоро бо забони русӣ баргардонда буд.

Қавми дигаре, ки ба шарофати миллӣ будани андешаҳои динии худ ба парешониҳои тӯлонии таърихӣ нигоҳ накарда, ҳастии миллати худро ҳифз кардааст, арманиҳо ва калисои григорянии онҳо мебошад. Калисоҳои аз санг эъморшудаи арманиҳо, хоҳ дар сахраҳои кӯҳи Арарат, хоҳ, дар савоҳили руди Аракс ҳам маъбад буданд, ҳам қалъаи охирини муқовимат алайҳи аҷнабиёни истеъморгар. Онҳо низ аз кеши насронӣ равияи григорянии хоси қавми худро пазируфта, бо забони модарӣ талаби омурзиш аз Худо, ҳифзи солимӣ ва рифоҳи миллаташонро орзу мекунанд.

Миллати вижае, ки тайи қатли омҳо ва дарбадариҳои беш аз дуҳазорсола хештанро на танҳо нигоҳ дошт, балки сарватҳои маънавию моддии дунёро дар даст дорад, яҳудӣ мебошад. Онҳоро на шоҳу на қаҳрамон, кишваркушоёну доҳиён аз нобудӣ нигоҳ доштаанд, балки ба истилоҳи худашон «Дини қавми хосса», яъне қавми хушкардаи Худо наҷот додааст. Китоби муқаддаси онҳо «Таврот» ва киништ (Синагога, яне масҷид) дар баробари такриму тақдиси худованд ба кашф ва шинохти «худ» ва «худӣ» аҳамияти вижа медиҳад. Яҳудиро дар синни сесолагӣ ба 10 васият - таъкиди Мӯсои паёмбар шинос мекунад, ки аз ҷумла ҳокии хоса будани миллат, забон ва ҳифзи он мебошад.

Дар «Таврот», дар яке аз васиятҳои Мӯсо омадааст, ки фарзандони бани Исроил эҳтимол дорад рӯи замин пароканда шаванд ва он вақт онҳоро мебояд сарватҳои маънавӣ ва ғановатҳои пурарзиши дунёро гирд оварда, ба замини падарон (Обетованная земля-замини меросӣ) баргарданд. Ва ҳамин тавр ҳам кардаанд. Ду ҳазор сол сарсону парешон дарбадарӣ карданд ва саранҷом 55 сол қабл ба замини падарон баргашта, аз нигоҳи донишҳои фарҳангиву муҳандисӣ рашки дигарон шуда, ҳамон аъроби фасл фасли парокандаи забонбозро музтар монондаанд.

Ҳазрати Мӯсо дар «Таврот» қавми бани Исроилро аз ҷумла дастур додааст: «... ва гуфтанд, биёед, шаҳре барои худ бино ниҳем ва бурҷеро, ки сараш ба осмон бирасад, то номе барои хештан пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем ва худованд нузул намуд, то шаҳр ва бурҷеро, ки бани одам мекарданд, мулоҳиза намояд.» («Таврот», сафари хуруҷ, 1:19-3).

Кӯтоҳи сухан, қавмҳои таърихан парешону камзамину безамин, вале бархӯрдор аз нерӯи андешаварзӣ, мисли яҳудӣ ва арманӣ, тавассути динҳои вижаи хеш тавонистаанд, ҳастии миллии хешро аз инҳилол нигоҳ доранд. Миллати рус бошад, таҳти парчами дини вижаи православӣ, нуфуcи 130- миллионаи хешро дар шашяки рӯи замин густариш дод.

Аммо дар қиёс бо ақвоми мазкур тоҷикон дар маҳди обоии худ дар Хуросони ба Афғонистон табдил гашта, худро муҳоҷир ҳис мекунанд. Тоҷикони Узбакистон дигар дар кӯчаҳову маҷлисгоҳҳо ва масоҷиди Хоразму Бухоро аз тоҷикӣ гап задан шармашон меояд ва тарсу бим низ доранд.

Аз таърих маълум, аст ки халифаҳои аббосӣ натавонистанд, забону фарҳанги арабии худро бар форсиён таҳмил намоянд, (ҳарчанд дини ислом аз исмгузории тифл cap карда -- Абдусалом, Тариқуллоҳ ва ғ.., то ба гӯр гузоштани инсон фарҳангу забони арабҳоро ташвиқ мекунад).
Сарфарозшероне чун Яъқуб бинни Лайс, Исмоили Сомонӣ парчами истиқлолиятро бардошта, садди роҳи инҳилоли ориёиҳо гаштанд. Чун аъроб маҷоли ҳамла ба Бухоро ва умуман Эронзаминро надоштанд, аз нерӯи ғуломони турктабор ва қабоили чодарнишини нимваҳшӣ истифода ба амал овардаанд. Онҳоро зери парчами ислом ба қатли оми тоҷикон равона карда, бар тахти ориёиҳо сарнишин карданд.

Эрониаслон дар ин маврид рӯҳи ориёии (миллӣ) худро аз даст дода буданд, зеро ки онҳо ба шеваҳои гуногуни динӣ -- шиъа, суннӣ, исмоилӣ ва ғайра пора шуда буданд. Пас аз ғасби қудрат, туркҳои ғазнавиву (авлодони Алптегину Сабуктегин) Салҷуқӣ то манғитии дирӯза, ба ибораи кунунӣ «Динро аз давлат ҷудо накарда буданд», балки онро ҷиҳати аз байн бурдани ҳастии форситаборон ҳамаҷониба истифода мекарданд. Эронитаборонро гӯё на бар ҳасби нажодашон, балки (бо баҳонаи) муроот накардани усули дин ё рофизӣ, шафеъӣ, қарматӣ, мӯътазилӣ, ҷадид будан, даста-даста ба қатл мерасонданд. Зимнан, Носири Хусрав пайдоиши мазҳабу тариқатҳои мухталифро сабабгори асосии ҷудоиандозии асосии эронитаборон дониста буд:

Ном ниҳӣ аҳли ҳикмату динро,
Рофизиву Қармативу Мӯътазилӣ.


Хонҳо ва лашкариёни қабоили Яғмо, ба шумули қарахониҳову қарахитоиҳо, исмҳои худро ба исмҳои муқаддаси «Муҳаммад», «Алӣ», «Дин» шомил карда, ба қатли capтосари форсиён пардохта буданд. Мисли Ҷамолуддин (Қарахонӣ с. 1072-1092), Муҳаммад (Қарахитоӣ с. 1200-1220). Он хонҳо тавассути рӯҳониён ба арзишҳои ориёӣ тобишҳои динӣ дода, диди мардумро аз худогоҳии миллӣ канор мебурданд, ғосибону қотилони тоҷиконро ҳамчун бузургони некманиш ҷилвагар мекарданд. (Мутаассифона, то ҳанӯз фақеҳони чаласавод ин амрро ба авом таблиғ менамоянд).

Аз ҷумла Искандари Мақдунӣ, ин оташзани китоби бузурги «Авасто», қотили фарҳанги ориёӣ, дар баъзе афсонаҳои мазҳабӣ ҳамчун «Зулқарнайн»-и додхоҳ, тавсиф шудааст. (Гарчи дар «Қуръон» и маҷид Искандари Зулқарнайн он Александр Македонский нест.) Темури ланги хунхор дар як ҳамла 70 ҳазор нафар аҳолии бепаноҳи Исфаҳонро (с. 1383) ва сад ҳазор тоҷики Балху Ҳиротро ва сад ҳазор тоҷики Марвро ба қатл расонида, аз 23 ҳазор сарҳои кушташудагон манорҳо афрохта буд, вале тирагии равони мустафсирини тасаввуфро бубинед, ки аз «маъдалат», яъне адли ӯ сухан ронда, «ҳазрат» номаш бурдаанд. Дар қиёс, ягон шаҳиди роҳи озодии тоҷикон, ҳарчанд таҳти ливои ислом қиём кардаанд, равонаш муқаддас шуморида нашудааст: на Темурмалик, на Восеъ, на Давлатманд ва ғайра.

Фақеҳон дар тафсири арзишҳои дини мубини ислом, усулан баробарии ақвом, ё интернатсионализми диниро таъриф мекунанд. Ба мафҳуми «интернатсионализм», яъне башардӯстӣ, ҳар инсони воқеъбину фозил қоил аст, аммо бояд ҳушёр буд, ки маъмулан сиёсатмадорони бузургманиш, миллатгароёни форсгурез ва раҳбарони ақвоми сернуфуз аз ин ибора ва соддадилии қавми кӯчаки мо сӯистифода мекунанд.

Дар ин ҷо вожаи «соддадил»-ро ба он сабаб истифода кардем, ки дар навҷавонӣ бо шӯхӣ пурсишамон мекарданд: "Ту тоҷикӣ ё мусулмон?" Агар посух медодем «тоҷик», масхараамон мекарданд, ки «пас мусулмон нестӣ?!». Дар Афғонистон ҳанӯз ҳам, агар аз тоҷикони ба хусус деҳот бипурсӣ, ки «аз кадом қавм ҳастӣ?», посухат медиҳанд, «аз қавми мусалмон», ё кадом миллатӣ? Мегӯянд: «форсивон» (яъне форсизабон).

Мушобеҳи ин пурсишу посух, дар нигоштаҳои пажӯҳандагони дохиливу хориҷӣ омадааст, ки пантуркистони узбак аз ин соддадилии худодӯстонаву интернатсионалистонаи тоҷикон истифода бурда, ҳини сабти омор, ҳар киро пурсиданд «миллатат чист?», посух дод, «мусалмон» ва дар паспорташ сабт карданд -- «узбек». Ҳамин тавр ин қавми бечораи бепаноҳро «омаданд, куштанд, бурданд», ғулом карданд, бо найрангҳои маккорона гӯлаш заданд ва аз ҳама ҳузновар эҳсоси муқаддаси ба Худованди ягона доштаашро барои дур шудан, мунҳал шудан, ба таърихи ҳастии худ беэътинову лоқайд будан, истифода кардаанд. Ва ҳоло низ он нерӯҳои аҳриманӣ дар роҳи нестии эронитаборон пардаҳое монанди «Толибон», «Таҳрир», «Салафӣ» ба чеҳраҳои худ кашидаанд.

Аммо ҳоло сипари наҷотбахш кадом аст? Пеш аз ҳама давлатмардон мебояд назари хешро ба ибораи «Дин аз давлат ҷудо буда наметавонад", иваз кунанд, зеро дин бо диндорон, яъне бо одамони он давлат сару кор дорад. (Давлати шӯравӣ ҷудоии худро аз дин ба он хотир эълом дошта буд, ки ҳадафаш аз байн бурдани кулли эътиқодҳо ва холӣ кардани саҳна барои эътиқоди коммунистӣ буд).

Тавре ки дар пеш гуфта шуд, аҷнабиён, бахусус хонҳои муғултабор динро барои густариши ҳадафҳои худ, алайҳи ҳамқавмони мо истифода бурдаанд. Ҳоло давлатро мешояд (дар симои ҳукумат), ки исломро дар амри ислоҳи ахлоқи ҷомеа (коҳиш додани баднафсиву дуздии маъмурони давлатӣ, нашъамандии ҷавонон, шаҳватрониву фисқу фуҷур...), рушди худогоҳии миллӣ, парвариши меҳр ба Ватан ва забони модарӣ равона кунад. Ногуфта намонад, ҳукумат дар самт ба такрори ғалатҳои давлати шӯравӣ ва ҳизби коммунист роҳ медиҳад.

Вақте ки дин дар сатҳи омиёна қарор дорад, мардум, ба вижа ходимони дин ғолибан дар атрофи ҳурофоти динӣ (аз қабили сари бараҳнагаштан вубол аст, ё на...) мунозираву музокира ба амал бароварда, аз арзишҳои баланду фалсафии динӣ бенасиб мемонанд. Давлат бояд дар омӯзишу парвариш ва таҳияи фақеҳон, хатибони масҷидҳо ширкати мустақим дошта бошад, зеро шогирди имрӯзаи мадраса, фардо рӯзе 5-6 соат, ба истиснои маросимҳои хатнаву хатму хайроту тадфину такфин, бо шаҳрвандон ва мағзи сару андешаҳои ишон сару кор дорад.

Нуктаи дигар ин аст, ки мадрасаҳо ва мактабҳои динӣ шогирдонро аз забони тоҷикӣ, адабиёти форсу тоҷик, таърихи тоҷикон ба таври зарурӣ дарс намедиҳанд. Ба чунин натиҷагирӣ пас аз сӯҳбат бо шогирдони синфи 7-и мадориси шаҳри Душанбе, навоҳии водии Кӯлоб, хатмкардагони донишсароҳои динии хориҷи кишвар, омадаем.

Ба пиндори мо, агар кас ба таърихи миллати худ, забону адабиёти он огоҳии саҳеҳ, надошта бошад, дар дил меҳру садоқат бар қавми хеш наварзида бошад, (ба ибораи файласуфони шӯравӣ, "шуури миллӣ" надошта бошад), аз уламои аъломи дини мубини ислом ҳам бошад, барои қавми тоҷик хидмат карда наметавонад.

Барои он ки ин навишта танҳо «гуфтан барои гуфтан» шумурда нашавад, ду пешниҳоди хешро ба ихтиёри хонандагони гиромӣ мегузорам:

1. Тадвин ва тасвиби Қонуни ҳувияти миллӣ бо тамаркуз бар миллати номгузорандаи ҷумҳурӣ.

2. Назорати устувор ва оқилонаи ҳукумат ба барнома ва омӯзаҳои донишгоҳ ва мадрасаҳои динӣ ва таҳлили коршиносонаи мавъизаи ходимони масҷид.

Зафари Мирзоён,
шаҳри Кӯлоб

Торнигори Зафари Мирзоён

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG