Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳуроти мухолифони давлат дар Гурҷистон


Чандин ҳазор нафар аз тазоҳуркунандагони мухолифи давлат дар Гурҷистон рӯзи панҷум аст, истеъфои раисиҷумҳури ин кишвар, Михаил Саакашвлиро талаб мекунанд. Созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ барои ин тазоҳурот то нимишабии чаҳоршанбе иҷозаи расмӣ доранд ва бояд 10 соат пеш аз баргузории паради ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Гурҷистон майдони марказии Тифлисро холӣ кунанд. Раҳбари саршиноси мухолифон, Нино Бурҷанадзе аз тазоҳуркунандагон даъват кард, то истеъфои президент аз майдон нараванд. Мухолифон Саакашвилиро ба фасод дар ҳукуматаш ва қатъи ислоҳот айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG