Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ба ҷои Стросс-Кан номзад пешниҳод кард


Вазири молияи Фаронса, Кристин Лагард худро ба мақоми мудири иҷроии Сандуқи байнулмилалии пул номзад кард. Вай гуфт, барои ишғоли ин курсӣ мубориза хоҳад кард ва афзуд, Сандуқи байнулмилалии пул дар ҳалли бӯҳрони ахири молӣ дар минтақаи евро нақши бориз доштааст. Изҳороти Лагард дар ҳоле садо медиҳад, ки Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ, ки дар созмоне бо номи БРИК муттаҳид шудаанд, мегӯянд, раҳбари нави Сандуқи байнулмилалии пул набояд ҳатман аврупоӣ бошад ва дар заминаи шоистасолорӣ интихоб шавад. Раҳбари пешини Сандуқи байнулмилалии пул, намояндаи Фаронса, Доминик Стросс-Кан бо иттиҳоми таарузи ҷинсӣ дар ҳабси хонагӣ дар Ню Йорк ба сар мебарад. Қарор аст, раҳбари нави ниҳод то 30-ми июн муайян шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG