Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Пекин


Ким Ҷонг-ил ҳангоми хуруҷ аз меҳмонсарои Муданҷиянг дар шимолушарқи Чин. 20-уми майи соли 2011.
Ким Ҷонг-ил ҳангоми хуруҷ аз меҳмонсарои Муданҷиянг дар шимолушарқи Чин. 20-уми майи соли 2011.
Бино бар хабарҳо, раҳбари Кореяи Шимолӣ, Ким Ҷонг-ил барои як гуфтушунид бо президенти Чин, Ҳу Ҷинтао, ба Пекин сафар кардааст. Ҳеҷ яке аз ду тараф ин хабарро тасдиқ накардаанд, аммо хабаргузориҳо мегӯянд, қатори зиреҳдори раҳбари Кореяи Шимолӣ вориди Пекин шудааст. Бино бар хабарҳо, Ким аз парвоз бо ҳавопаймо ҳарос дорад. Кореяи Шимолӣ, ки дар вазъи сангини иқтисодӣ қарор дорад, ахиран хостори кӯмакҳоит байнулмилалӣ шудааст ва таҳлилгарон мегӯянд, Ким мехоҳад, барои ба қудрат расондани писари хурдияш ҳимояти Чинро ба даст орад. Сулолаи хонаводагии ӯ ба Кореяи Шимолӣ аз рӯзи таъсиси ин давлат раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG