Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Торнамо ва ҷӯяндаи машҳури интернетии Русия, Яндекс (Yandex) дар нахустин қадамаш дар бозори саҳҳоми Иёлоти Муттаҳида комёб гардид. Нархи саҳмияҳои он дар бозори бурси Nasdaq дар як рӯз 56 дарсад боло рафта, аз 25 доллар то 39 расид. Дар ин муддат ширкат 1 миллиарду 300 миллион доллар даромад кард, ки гуфта мешавад, ба густариш ва навсозии он сарф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG