Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши кишварҳои адами тааҳуд дар Индонезия


Раисиҷумҳури Индонезия, Сусило Бамбанг Юдҳоёно
Раисиҷумҳури Индонезия, Сусило Бамбанг Юдҳоёно
Вазирони умури хориҷии кишварҳои “Ҷунбиши ҳамроҳнашудагон” дар Балии Индонезия ҳамзамон бо таҷлил аз 50-солагии ин иттиҳод бознигарии нақши ҷаҳонии онро баррасӣ мекунанд. Ин эътилоф, ки 118 кишвар узви онанд, дар соли 1961, дар айни авҷи Ҷанги сард таъсис ёфта, онҳоеро муттаҳид кард, ки на бо Иёлоти Муттаҳида ҳампаймон шуданд ва на бо Иттиҳоди Шӯравӣ. Раисиҷумҳури Индонезия, Сусило Бамбанг Юдҳоёно, дар ифтитоҳи ҳамоиш ба ислоҳоти куллии Созмони Милали Муттаҳид ва нақши бештари қудратҳои нав дар он даъват кард. Эътилоф аз аъзои нави худ – Озарбойҷон ва Фиҷӣ истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG