Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Эрон аз амалкардҳои Баҳрайн


Тазоҳуроти зидди Баҳрайн дар Теҳрон

Тазоҳуроти зидди Баҳрайн дар Теҳрон

Вазорати умури хориҷии Эрон намояндаи Баҳрайнро даъват ва дар робита ба “ноодилона маҳкум шудани як эронӣ” ва ҳабси чанд шаҳрванди дигари Эрон ҳушдор дод. Хабаргузории расмии Эрон, ИРНА, мегӯяд, мақомоти эронӣ шикоят доранд, ки эронии маҳкумшуда аз дифои ҳуқуқӣ бархӯрдор набудааст. Теҳрон аз Баҳрайн хостааст, ҳувияти эрониҳои боздоштшударо эълон кунад ва ба дипломатҳо иҷозаи мулоқот бо боздоштшудагонро диҳад. Муносибатҳои байни Эрон ва Баҳрайн баъд аз оғози тазоҳуроти аксарияти шиъаи Баҳрайн зидди ҳукумати сунниҳо дар моҳи феврал ба сардӣ гароид. Ҳамчунин имрӯз Утоқи тиҷоратии Баҳрайн тасмим гирифт, равобиташ бо Эрон, Ироқ ва Лубнонро қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG