Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хокистари вулқони Исландия ба Олмон расид


Абри хокистаромезе, ки аз вулқони Исландия ба ҳаво хестааст, имрӯз ба шимоли Олмон расид ва парвози ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Мақомоти Олмон мегӯянд, фурудгоҳҳои Ҳамбург ва Бременро баста, дар тараддуди бастани фурудгоҳи Берлинанд. Сухангӯи ширкати асосии ҳавонавардии Олмон “Люфтҳанза” хабар дод, ки зиёда аз 150 парвоз имрӯз лағв шудааст. Рӯзи сешанбе ба иллати дар ҳаво паҳн шудани хокистари вулқонӣ дар Аврупо 500 парвоз лағв шуд, ки бештари онҳо дар самти Лондон буд.
XS
SM
MD
LG