Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасти навбатии парлумони Тоҷикистон, Амирқул Азимов- вакили нав интихоб аз ҳавзаи Синои Душанбе, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти МН интихоб ва инчунин ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Номзадии ҷаноби Азимовро раиси Маҷлиси Намояндагон пешниҳод намуда ва аз нақши ӯ дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар сутудааст. Интихоби Амирқул Азимов ба ин симат ба дунболи пирӯзии ӯ дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Синои Душанбе дар 15-уми майи соли ҷорӣ сурат мегирад. Оқои Азимов аз чандин сол ба ин сӯ дабирии Шӯрои амнияти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG