Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Душанбе бо дарназардошти афзоиши нархи маводи сӯхт, қимати роҳкироро боло бурдааст.

Мувофиқи нархномаи нави ҳукумати шаҳри Душанбе, сар аз 1-уми июни соли ҷорӣ, қимати роҳкирои минибусҳо 1 сомониву 60 дирам, автобусҳо 1 сомониву 20 дирам ва троллейбусҳо 70 дирам хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон боло рафт ва як литр бензини навъи А-92 ба 5 сомониву 50 дирам расид.

Ва далели аслии боло бурдани қимати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе низ ҳамин аст.

ВОБАСТАГИҲОИ НАФТӢ БА РУСИЯ

Ба гуфтаи мақомот, болоравии қимати бензин ва дигар маводи сӯхтӣ ва ҳамин тавр камбуди ин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон, маҳз натиҷаи афзоиши боҷи содиротӣ аз сӯи Русия аст, ки аз 1-уми май боҷи содиротии бензинро 44 дарсад боло бурд ва ба 408 доллар барои ҳар як тонна расонд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхти худро аз Русия ворид мекунад, ки нисфаш тавассути ширкати «Газпромнефт» ворид мешавад. Ин ширкат дар оғози фаъолияти худ бо пешниҳоди арзонтарин нархҳо вориди бозори Тоҷикистон шуд, аммо мутахассисон мегӯянд, пас аз он, ки бозори сӯхти Тоҷикистонро дар инҳисори худ овард, қиматҳоро афзоиш дод.

Дар тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон тибқи номае аз ҳамтои русии худ Владимир Путин хост, ки боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кунад. Аммо ин таруфаҳо лағв нашуд. Русия ҳоло барои кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ ва инчунин барои Қирғизистон маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ мефурӯшад.

РОҲИ РАҲОӢ: ИТТИҲОДИЯИ ГУМРУКӢ?

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, як роҳи дигари ҳалли масъала, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ аст. Иттиҳодияи иборат аз Русия, Белорус ва Қазоқистон. Аммо Русия ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, дар ҳоли ҳозир моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия низ нест.

Ҳоло Тоҷикистон барои ҳар тонна бензини Русия 408 долар боҷи содиротӣ медиҳад. Ин қиммат ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз аввали моҳи июн имкон дорад то 680 доллар боло биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG