Пайвандҳои дастрасӣ

Дуди вулқон парвозҳоро дучори мушкил кардааст


Вулқони Гримшвотн дар Исландия (акси НАСА)

Вулқони Гримшвотн дар Исландия (акси НАСА)

Интизор меравад, паҳн шудани дуди вулқони Исландия аз имрӯз монеъи парвозҳои бештар дар Аврупо шавад. Дар Олмон, интизор меравад, ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои Бремену Ҳамбург ва шояд Берлин пойин шаванд. Парвозҳо дар бархе қисматҳои Данияву Норвегия ва Шветсия низ шояд бар асари ин офат латма бубинанд. Дирӯз 500 парвоз асосан дар Шотландия ва шимоли Англия ба иллати паҳн шудани дуди вулқони Гримшвотн лағв шуд. Соли гузашта ба далели паҳн шудани дуди як вулқони дигари Исландия анҷоми парвозҳо дар Аврупо қариб як моҳ ба мушкил рӯбарӯ шуда буд.
XS
SM
MD
LG