Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 нафар бар асари торнадо дар Оклаҳома


Ҷоплин баъди ҳамлаи торнадо

Ҷоплин баъди ҳамлаи торнадо

Гирдбодҳои бештари торнадо ба Амрико асобат карда, бар асари ин офати табиӣ дар аёлати Оклаҳома дастикам 4 нафар кушта ва 3 тан захмӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш торнадо дар аёлати Миссурӣ ҷони 122 нафарро гирифт. Ҳамлаи гирдбод ба шаҳри Ҷоплин дар ин аёлат пурқурбонитарин торнадо дар 58 соли охир дониста мешавад. Ҷамъи қурбониёни торнадо дар Амрико аз аввали моҳи апрел ба ин сӯ беш аз 300 нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG