Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯиқасд ба ҷони волии Ҳилманд


Муҳаммад Гулоб Мангал

Муҳаммад Гулоб Мангал

Волии вилояти Ҳилманди Афғонистон аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Дафтари Муҳаммад Гулоб Мангал мегӯяд, ки ӯ дар роҳи бозгашт аз сафари улусволии ошӯбзадаи Сангин ба маркази вилоят – шаҳри Лашкаргоҳ – ҳадафи ҳамлаи чирикиҳо қарор гирифт. Дар натиҷаи задухӯрд 2 тан аз ҳамлагарон кушта шудаанд. Ин ҳамла дар рӯзе рух дод, ки Аҳмад Зиё, муовини раиси Хадамоти амнияти Афғонистон, дар Кобул низ аз як сӯиқасд ҷони солим ба дар овард. Муҳофизони ӯ мардеро, ки дар тан маводи мунфаҷира дошт ва зоҳиран мехост худро битарконад, куштаанд.
XS
SM
MD
LG