Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: Исроил ба марзи пешин бар нахоҳад гашт


Бенямин Нетаняҳу дар Конгресси Амрико
Бенямин Нетаняҳу дар Конгресси Амрико
Сарвазири Исроил дар суханрониаш дар Конгресси Амрико гуфт, кишвараш барои расидан ба сулҳ бо фаластиниҳо ба “гузаштҳои дарднок” омода ҳаст. Бенямин Нетаняҳу аммо бар хилофи исрори раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Исроил пешниҳоди бозгаштҳо ба марзҳои соли 1967-ро намепазирад: “Марз аз он марзе, ки то 4 июни соли 1967 вуҷуд дошт, фарқ хоҳад кард. Исроил ба марзҳои бедифоъи соли 1967 бар нахоҳад гашт.”
Нетаняҳу афзуд, Байтулмуқаддас низ бояд “ пойтахти ягонаи Исроил” боқӣ бимонад. Мақомоти фаластинӣ дар посух гуфтаанд, “нукоти омада дар паёми Нетаняҳу ба сӯи сулҳ намебарад.”
XS
SM
MD
LG