Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои нави НАТО алайҳи Троблус


Троблус дар пайи ҳамлаҳои субҳи сешанбе

Троблус дар пайи ҳамлаҳои субҳи сешанбе

Ҳавопаймоҳои НАТО субҳи имрӯз ҳам ба бомббори пойтахти Либия идома додаанд ва аз Троблус садои таркишҳо ба гӯш мерасид. Ин ҳамлаҳо ба дунболи бомббори субҳи сешанбе аст, ки сангинтарин ҳамлаи ҷангандаҳои НАТО ба Троблус унвон мешавад. Телевизиони давлатии Либия гуфт, бар асари ҳамлаҳои дирӯза 19 нафар кушта шудаанд.
Амрико барканор кардани Муаммар Қаззофӣ аз қудрат дар Либияро “амри ногузир” номид. Қарор аст, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Лондон бо сарвазири Бритониё Девид Камерон роҳҳои фишори муштарак бо ҳадафи барканории Қаззофиро баҳс кунанд.
XS
SM
MD
LG