Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Рӯзи 6 июн дар қароргоҳи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия дар Санкт-Петербург намоишгоҳи бахшида ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд. Сомонаи “Санкт-Петербург. Ру” мегӯяд, ҳадафи ин намоиш, ки аз ҷумла бо саъйи ҷамъиятҳои тоҷикони Петербург ташкил шудааст, бо таърих ва фарҳангу этнографияи мардумони сокини Тоҷикистон ошно кардани сокинони пойтахти шимолии Русия аст. Тайи як моҳ – аз 6 июн то 6 июл- дар ин намоишгоҳ осори бостонии ёфтшуда аз Тоҷикистон ва ҳам намунаҳои либоси милливу созҳои мусиқии мардуми тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG