Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар Бишкек ба ҳимоят аз Манас


Муҷассамаи Манас дар Бишкек

Муҷассамаи Манас дар Бишкек

Дирӯз даҳҳо нафар дар Бишкек бо талаби истеъфои вакили парлумон Омурбек Абдураҳмонов раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳургарон, ки худро “Ҳомиёни Манас” меноманд, Абдураҳмоновро ба таҳқири Манас, ки қаҳрамони миллии қирғизҳо шинохта мешавад, айбдор мекунанд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, Омурбек Абдураҳмонов Манасро ба роҳзанҳои муосир монанд кардааст. Рисбой Исҳоқов, яке аз эътирозгарон гуфт, онҳо таҳияи қонуни вижаеро тақозо доранд, ки барои тавҳин ба қаҳрамонони миллӣ, назири Манас, Қурмонҷон-додхоҳ, Исҳоқ Раззоқов ва дигар шахсиятҳои таърихӣ муҷозот таъйин кунад. Абдураҳмонов гуфт, расонаҳо суханонони ӯро нодуруст иқтибос кардаанд ва ин дасисаи рақибони сиёсии ӯст, ки мехоҳанд обрӯяшро доғдор кунанд. Манас як чеҳраи афсонавист, ки бино ба ривоятҳо, мардуми қирғизро аз ҳамлаи аҷнабиён дифоъ мекард.
XS
SM
MD
LG