Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе баландтарин флагштоки дунё сохта шуд


Дар Душанбе сохтмони баландтарин флагштоки ҷаҳон ба поён расид. Ин манораи парчамбардор бо баландии 165 метр дар маркази пойтахти Тоҷикистон, дар канори чапи Қасри Миллат сохта шуда, дирӯз бар фарози он ба сурати озмоишӣ як парчами миллии Тоҷикистонро, ки тӯлаш 60 метр ва бараш 30 метр гуфта мешавад, насб карданд. Аммо ба гуфтаи мақомот, расми мутантани ифтитоҳи ин флагшток баъдтар доир хоҳад шуд. Дар шафати рости Қасри Миллат сохтмони як манори 45-метрии дигар барои насби Нишони миллии Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад. То кунун баландтарин флагшток дар Озарбойҷон сохта шуда буд, ки 162 метр баландӣ дорад.
XS
SM
MD
LG