Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИРТ шикояти Саидзодаро баррасӣ мекунад


Толибшоҳ Саидзода
Толибшоҳ Саидзода
Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон(КМИРТ) ба хотири расидагӣ ба шикояти ситоди номзад Толибшоҳ Саидзода як гурӯҳи вижа ташкил додааст. Сардабири ҳафтаномаи “Миллат” рӯзи 15 май дар ҳавзаи Синои Душанбе барои курсии вакили парлумон вориди мубориза шуда буд. Бар асоси натоиҷи расмӣ, дар ин ҳавза дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов бо касби 62 дарсади оро баранда шуда, Саидзода бо 16 фоиз ҷои дуввумро гирифтааст. Аммо ситоди Саидзода мегӯяд, интихобот дар ин ҳавза бояд ба далели ширкати шумори ками мардум лағв шавад.
XS
SM
MD
LG