Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Тӯраҷонзода аз маҳдуд шудани “turajon.com”


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, аз сӯи мақомот маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи интернетии “turajon.com”, марбут ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро амали нораво ва ғайриқонуние номид, ки бояд ислоҳ шавад.
Ахиран раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар номае аз ҳамаи 12 ширкати дастраскунандаи Интернет дар кишвар хостааст, то ба маҳзи “зарурати корҳои техникӣ” дастрасӣ ба вебсайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Дар тирамоҳи гузашта низ мақомоти Тоҷикистон ба далоили амниятӣ фаъолияти 5 пойгоҳи интернетии дохиливу хориҷиро масдуд карда буданд.
XS
SM
MD
LG