Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 25 май, боздиди раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз Бритониё идома меёбад. Русия имрӯз дар Брюссел тарҳи лӯлаи гази “Маҷрои ҷанубӣ”-ашро муаррифӣ мекунад. Имрӯз дар Финландия ҳамоиши муштараки дурӯзаи навсозиҳои Русияву ИА оғоз хоҳад ёфт. Имрӯз Маркази таҳқиқоти байналvилалии стротежӣ дар Вошингтон гузориши солонааш бо номи “Шохиси сулҳи ҷаҳон-2011”-ро нашр хоҳад кард. Раҳбари сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз барномаи мушорикат бо кишварҳои ҳамҷавори ин созмонро муаррифӣ мекунад. Имрӯз Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар арафаи нишасти сарони Ҷӣ8 бо намояндагони ширкатҳои интернетии ин 8 кишвар мулоқот хоҳад кард. Имрӯз дар Ӯши Қирғизистон як мизигирди минтақавӣ дар мавзӯъи озодиҳои мазҳабӣ баргузор мешавад. Ва ҳам имрӯз, 25 май дар тақвимҳо Рӯзи байналмилалии кӯдакони гумшуда аст.
XS
SM
MD
LG