Пайвандҳои дастрасӣ

Парвози 500 ҳавопаймо дар Аврупо лағв шуд


Оҷонси назорат бар парвози ҳавопаймоҳо дар Аврупо эълом кард, ки бар асари паҳн шудани абрҳои хокистарӣ аз як оташфишони Исландия бар фазои Ирландияи Шимолӣ, Шотландия ва Скандинавия парвози 500 ҳавопаймо лағв карда шуд. Вулқон ва ё оташфишони Гримсвотн дар Исландия, рӯзи шанбе ба фаварони оташу дуд шурӯъ кард ва боиси халал ёфтани парвози ҳавопаймоҳо дар Норвегия шуд. Дания ҳам бахше аз ҳарими ҳавоиашро барои парвоз мамнӯъ эълом кард. Ба гуфтаи мутахассисон, вулқони нав зоҳиран бебандубории мисли соли гузаштаро ба вуҷуд нахоҳад овард. Соли гузашта вулқони дигаре сабаб шуд, миллионҳо мусофир дар саросари Аврупо бинобар лағви парвози ҳавопаймоҳо то шаш рӯз сарсону саргардон шаванд.
XS
SM
MD
LG