Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни як нома ба ҳукумати Тоҷикистон, аз ширкатҳои мобилӣ шикоят бурдааст.

Бег Зуҳуров, раиси ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нома таъкид мешавад, ки ширкатҳои мобилӣ аз хати нурие, ки ҳукумат эҷод кардааст, истифода намекунанд ва ин ҳол ба амнияти мухобаротии кишвар таҳдидҳо дар пеш дорад.

ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МУХОБАРОТИИ КИШВАР?

Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Ҷаноби Зуҳуров афзуд, амнияти мухобаротии Тоҷикистон бар зиммаи хадамот аст ва он муваззаф аст, ки барои ҳифзаш тадобир ҷӯяд: "Операторон (ширкатҳои мобилӣ) инро намефаҳманд ё фаҳмидан намехоҳанд. Дар ҷумҳурӣ 11 оператор ҳаст ва агар ҳар яки онҳо тариқи хатҳои худ ба хориҷ аз кишвар бароянд, касе онҳоро назорат карда наметавонад. Мо мегӯем, ки ба тамоми кишварҳои ҳамсоя хати нуриро гузарондем, марҳамат бо ин хат гузаред. Нархи иҷора хеле арзон аст. Аммо инҳо мегӯянд, ки не, мо бояд мустақил бошем ва тариқи хатҳои худ мебароем. Ин вазъ моро ба ташвиш меорад, ки дар оянда мо амнияти мухобаротии кишварро таъмин карда наметавонем. Ин талаботи онҳо маънии онро дорад, ки шояд дар фикри зарари давлат ҳастанд. Ҳамин роҳ вуҷуд дорад, аммо чаро намегузаранд, ман намефаҳмам."

МУВАФФАҚИЯТҲОИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ


Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, шурӯъ аз соли 2000 «Тоҷиктелеком» - оператори миллӣ ба ширкатҳо имкони истифода аз хати худро намедод ва онҳо бо вуҷуди хароҷоти ҳангуфт, ҳамагӣ хатҳои худро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бомуваффақият кор мекунанд.



Ғафур Эркаев, сарвари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, ки 6 ширкати умда - «Билайн», «Tcell», «Сомонком», «Вавилон-М», «МЛТ» ва «ТК-мобайл»-ро муттаҳид мекунад, мегӯяд, даъвои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидан ба муносибатҳои бозорӣ аст:

"Мебахшед, тайи даҳ сол онҳо хеле сохтанд. Зерсохторҳои заруриро ба вуҷуд оварданд. Ҳоло наметавонанд, ки ҳамаро як сӯ гузоранду ба хати «Тоҷиктелеком» ворид шаванд. Дар ҳар ҳолат, ширкате, ки худро эҳтиром мекунад, ба ин роҳ намеравад, худро вобаста намекунад. Он ҳамеша барои рушди хатҳои худ мекӯшад, то нишондиҳандаҳояшро беҳтар кунад ва ҳам беҳтар хизмат расонад."

ҚАРЗРО КӢ БОЯД ПАРДОХТ КУНАД?


Бек Зуҳуров мегӯяд, барои эҷоди хати нурӣ-ноқиле, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя-Афғонистон, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбакистон васл мекунад, ҳукумат 18 миллион доллар аз Евробанк ва ширкати ZTE-и Чин қарз гирифтааст.

Ба қавли ӯ, ин маблағ бояд то соли 2016 бо 9 фоизи солона пардохта шавад. Аммо вай афзуд, аз 85 миллион дақиқае, ки тариқи хатҳои нурии ширкатҳои Тоҷикистон мегузаранд, танҳо 5 миллион тариқи ширкати миллии «Тоҷиктелеком» аст, ки ин вазъ пардохти қарзро мушкил мегардонад.

Коршиносон мегӯянд, агар моҳияти даъвои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳз дар заминаи сармоя бошад, ин мушкил ба ширкатҳои мобилӣ рабте дошта наметавонад.

"ХАТИ ЯГОНА БА МАНФИАТ НЕСТ"

Асомуддин Атоев, коршинос дар умури фанновариҳои иттилоотиву мухобаротӣ мегӯяд, барои иҷрои ин тарҳ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз оғоз бояд як барномаи амал медошт, аммо ҳоло пайваст кардани мавзӯъ ба амнияти миллӣ он қадар мантиқӣ нест: "Ҳар қадар хатҳо бештар бошанд, ҳамон қадар амнияти мухобаротии кишвар ҳам таъмин мешавад. Агар тамоми Тоҷикистон аз як хат истифода кунад, дар ҳолати канда шудани он, хатар ба амният пайдо мешавад, яъне робитаи Тоҷикистон бо ҷаҳон қатъ мешавад. Аммо вақте хат зиёд аст, дар ҳоли мушкили фаннӣ дар як хат, мешавад аз хати дигар истифода кард."

Коршиносон баҳси ба миён омадаро ҳалқаи дигаре дар силсилаи кӯшишҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои таҳти як марказ қарор додани ширкатҳои мобилӣ унвон мекунанд, ки ду сол ба ин сӯ идома дорад. Ба қавли онҳо, ин баҳсҳо барои соҳаи мухобароти Тоҷикистон, ки дар фазои собиқ Шӯравӣ пешрафтатарин унвон мешавад, таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG