Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони форсӣ миёни посдорӣ ва авомписандӣ


Сайидюнуси Истаравшанӣ, блогнависи тоҷик
Сайидюнуси Истаравшанӣ, блогнависи тоҷик

Забон, аз як дидгоҳ, абзорест барои барқарории иртибот ва тафҳиму тафоҳум, ва аз нигоҳе дигар, намоёнгари кистӣ ва ҳувияти ҳар миллат аст.

Абзор буданаш, хоҳони сода кунонидани он аст, то ҳадаф, ки ҷуз фаҳмидану фаҳмонидан нест, таъмин бишавад, аммо нишонгари кистӣ ва ҳувият буданаш, толиби посдории он ба ҳамон шаклест, ки дар лисони бузургон ва паёмбарони он забон мутадовал буда, то ҳувият аз миён наравад.

Ҳол, пурсиш ин аст, ки кадом як аз ин ду ҳадаф барои миллат муҳимтар аст, ки таъмин гардад: абзор будани он, ё намоёнгари кистии миллат буданаш?

Бархеро, бавижа он даста аз хабарнигоронеро, ки ҳамму ғамме ҷуз равнақи бозори расона бар сар нест, бовар он аст, ки нависанда ва ё хабарнигор, он ҷо ки мехоҳад матлаберо барои хонанда бирасонад, лозим нест хештанро пойбанди чорчӯбе муайян бисозад, балки то ҷои мумкин, бояд аз сохтор ва вожаҳое, ки миёни авом мутадовал аст истифода кунад.

Ба унвони намуна, достоннависе мехоҳад қиссаеро барои хонанда ҳикоят кунад ва ҳадафе ҷуз ин надорад, ки хонанда ба мазмуни достон огоҳӣ пайдо кунад, менависад:

“... Раҳим шаппотие ба рӯи хоҳараш зад ва сабаби ӯро даюс гуфтанашро пурсон шуд:
- Барои чӣ ман даюс будаам? Магар зани ман ҳаромӣ таваллуд кардааст? Ё ӯро бо кадоме қапидед? - гӯён тарафи хоҳараш аррос зад.
Хоҳараш исту бист накарда, расмҳоро дар рӯи кат парешон кард:
- Ҳа, зани ту сабукпо аст! Балки фоҳиша! Ин бин! -гуфт…”

Ва ё он дигаре, ки ӯ низ, ба монанди ҳамин достоннавис ҳадафе ҷуз илқои як мазмуни бемӯҳтаво ва бемаъниеро дар сар надорад, менависад:

“... Момон хаста аз сари кор миёд хуне ва Парвиз кучулу мипаре ҷилув, миге:
- Салом момон!
- Салом писарам!
- Момон, имруз бобо бо хола Суҳайло умадан хуне ва рафтан ту утоқи хоб ва дару аз руи худашон қуфл кардан ва ...
- Хили хуб азизам, ҳиччи диге намиход беги, имшаб сари мизи шом вақти азет пурсидам, Парвизҷон че хабар, бақияашру ҷилуве бобо таъриф кун...”

Нависандагони ин сутур гӯи ин ки фаромӯш мекунанд, забоне, ки бо он ин мазоминро илқо мекунанд, навишторист, на гуфторӣ. Забони навишторӣ мондагор аст, гуфторӣ на. Бо гузашти рӯзгор ва густариши ин тарз навиштор, пайванди фарзандони як миллат бо гузаштагони худ густаста ва дар натиҷа аз худ бегона ва беҳувият мегарданд; пайванде, ки танҳо забони навишторӣ метавонад миёни ӯ ва гузаштагонаш барқарор намояд. Оре, танҳо забони навишторӣ аст, ки гузаштагон, кунуниҳо ва ояндагони як миллатро ба ҳам мепайвандад.

Дар сурати густаришу ҳамагонӣ шудани як чунин тарзи навиштор, оё ояндагони мо метавонанд аз ин сутур чизе бифаҳманд:
“... Бидон, ки одамиро ба бозӣ ва ҳарза наофаридаанд, балки кори вай азим ва хатари ӯ бузург аст, ки гарчи азалӣ нест, абадӣ аст; ва агарчи колбади вай хокӣ ва суфлист, ҳақиқати рӯҳи ӯ улвӣ ва раббонист ва гавҳари вай агарчи дар ибтидо омехта ва овехта ба сифоти баҳимӣ ва шайтонист, чун дар бӯтаи муҷоҳидати нафс, аз ин омезиш пок гардад ва шоистаи ҷивори ҳазрати Рубубият шавад...” (Ғаззолии Тӯсӣ, Кимиёи саодат)

Ё онҷо ки мефармояд: “... Бидон, ки калиди маърифати Худои Таоло маърифтаи нафси хеш аст ва барои ин гуфтаанд: “Ман арафа нафсаҳ, арафи раббаҳ”... Хулоса, ҳеч чиз ба ту наздиктар аз ту нест; чун худро бишносӣ, дигаронро чун шиносӣ ва ҳамоно гӯӣ: “Ман хештанро шиносам” ва ғалат мекунӣ, ки чунин шинохтан калиди маърифати Ҳақро нашояд, ки сутурон аз хештан ҳамин шиносанд, ки ту аз хештан...” (Ғаззолии Тӯсӣ, Кимиёи саодат).

Пас, оё фаҳмондани як мазмун барои хонанда ба забони омиёнаи вай муҳимтар аст, ки фоидааш гарчи огоҳии ӯ аз маънои мавриди назар аст, аммо ба баҳои гусаста шудани пайванди ӯ бо гузаштагон ва дар натиҷа аз худ бегона гардидан, ё навиштани мазмун ба забони расо ва фасеҳи ниёконаш, ки гарчи огоҳӣ аз мазмуни он навиштор, аз ӯ мехоҳад каме худро ба заҳмат афканад ва ба фарҳангҳо муроҷиа намояд, вале самарааш ҳифзу тақвияти пайванди ӯ бо ниёконаш ва дар натиҷа хештаншиносии вай аст?

Худоро шукр, ки имрӯз дар миёни қаламбадастони мо, тоҷикон, касоне ҳастанд, ки бидуни эътино ба хӯрдагирии хӯрдагирон, ки чаро ба забони сангин менависед, ба забони фасеҳ, ширин ва расои порсӣ матлаб менависанд ва бо ин кор, бо як тир ду ҳадафро нишон мегиранд: яке забони навиштории гузаштагонамонро ҳифз менамоянд ва дигар, миёни насли ҳозир бо ниёконаш пайванд барқарор месозанд, ки чунон ки гуфтем, омиле калидӣ барои хештаншиносӣ ба шумор меравад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ
Пойгоҳи интернетии "Кимиёи саодат"
XS
SM
MD
LG