Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак ва писаронашро муҳокима мекунанд


Ҳуснӣ Муборак, баъди 30 соли қудрат муҳокима мешавад
Ҳуснӣ Муборак, баъди 30 соли қудрат муҳокима мешавад
Додситони Миср эълом кард, ки Ҳуснӣ Муборак ва ду писараш барои марги тазоҳургарони зиддидавлатӣ ва фасодкорӣ дар додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд. Дар баёнияи додситонии Миср омадааст, Муборак ва ду писараш Ало ва Ҷамол “ба куштори амдии баъзе аз ширкаткунандагони тазоҳуроти осоиштаи инқилоби рӯзи 25 январ” муттаҳам шуданд. Онҳоро ҳамчунин ба судҷӯӣ ва сӯистифода аз мақом барои манфиати шахсӣ ва барҳадар додани маболиғи давлатӣ дар тӯли 30 соли ҳукумат дар Миср муттаҳам кардаанд. Ҳуснӣ Муборак, ки моҳи феврал аз мақомаш барканор шуд, дар як шифохонае дар шаҳри Шарм ул-Шайх дар боздошт аст ва писаронаш дар зиндони Тораи Қоҳира.
XS
SM
MD
LG