Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми Ходорковский бознигарӣ шуд, вале...


Ходорковский ҳукми дуввумро "масхаромез" хондааст.

Ходорковский ҳукми дуввумро "масхаромез" хондааст.

Як додгоҳи шаҳри Маскав бо бознигарии ҳукми дуввуми Михайил Ходорковский, як сарватманди зиндонии Русия аз ҳукми ҳаштсолаи зиндони ӯ як солашро кам кард. Михайил Ходорковский, муассиси ширкати барҳамхӯрдаи нафтии “Юкос”, бо гуноҳи сарпечӣ аз пардохти молиёт ба ҳашт соли зиндон маҳкум шудааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯро ба дуздӣ ва пулшӯӣ гунаҳкор дониста ва ҳукми зиндони соли 2005 ӯро то соли 2017 тамдид карданд. Ходорковский, ин ҳукмро масхараомез хонд ва хостори лағви он шуд. Ба гуфтаи тарафдоронаш, Михайил Ходорковскийро барои кӯмакҳои молӣ ба мухолифони давлати Путин дар замони раёсати ҷумҳуриаш бо иттиҳомоти бофта ба зиндон андохтаанд.
XS
SM
MD
LG