Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳманёр: "Хонандаи имрӯза дар барзах мондааст."


Баҳманёр, нависандаи саршиноси Тоҷикистон
Баҳманёр, нависандаи саршиноси Тоҷикистон

Сӯҳбати хабарнигори "Озодӣ" бо нависанда, мудири шӯъбаи очерк ва публитсистикаи “Садои Шарқ”, Баҳманёр.

Озодӣ: Солҳои пеш адибон ҳам дар ҷомеа ва дар назди ҳукумат ҳам мақоми баланд доштанд. Масалан, ҳукумат ҳарфи Турсунзодаву Раҳимзодаву Миршакар ва ё Осимиро гӯш мекард. Аз онҳо машварат мепурсид. Аммо
Ҳар кӯру каллу шал китобнавис шудааст. Раиси колхоз пул дорад, китоб чоп мекунад, раиси корхона пул дорад китоб чоп мекунад. Боз роман ва повест чоп мекунад, ки дар ҳайрат мемонед...

ҳоло чунин нест. Оё ин тақсири нависандаҳост ё ҳукумат?

Баҳманёр: Ҳукумат тақсир дорад ё на, намедонам. Вале ҳукумат мушовирон дорад. Шояд ин мушовирон одамони тасодуфӣ бошанд, ки ин чизро нахоҳанд. Дар ҳақиқат, дар замони гузашта ҳатто Котибони аввал нависандаҳоро даъват мекарданд ва фикру ақидаи онҳоро дар бораи масъалаҳо, манзурам, масъалаҳои фарҳангӣ, мепурсиданд. Имрӯз ҳам гумон мекунам, ки даъват мекунанд, лекин он мушовирҳое, ки гуфтем, одамони худро пешниҳод мекунанд. Аммо онҳо ягон фикри ҷолиб надоранд.

Барои мисол ҳайкали нави устод Рӯдакӣ, ки дар боғи марказии шаҳри Душанбе гузошта шуд. Ин ҳайкал ба Рӯдакӣ ягон шабоҳат надорад. Дуруст аст, ки мо намедонем, ӯ чӣ шаклу сурат дошт. Вале аз он ки ӯ асосгузори як адабиёти бузурги дунёст, мебоист як шакли зебанда ва бошукӯҳ медошт. Мисли ҳайкали Фирдавсӣ дар Теҳрон ё шабеҳи Фирдавсӣ, ки дар Тӯс аст. Аз тарафи дигар, худи нависандаҳо ҳам тақсир доранд. Тақсири онҳо дар чӣ зоҳир мешавад? Бештари онҳо бо манфиати шахсӣ ба ҳукумат муроҷиат мекунанд. Ё хона, ё мошин, ё пул барои чопи китоб. Аз ин хотир тақсири нависандаҳо аст, ки ман онро мушоҳида мекунам.

МУШКИЛИ ГАЛСТУК ВА ШИМУ КОСТЮМ

Озодӣ:
Дар ҳар Наврӯз раисиҷумҳур бо аҳли зиё мулоқот мекунад. Шумо ҳам иштирок мекунед?

Баҳманёр: Намедонам, ки дар он маҷлисҳо чӣ ҳарфу чӣ баҳсҳо мешавад. Ба он хотир, ки ягон бор дар он маҷлисҳо иштирок накардаам. Як бор даъват карданд, лекин дар ҳамон даъватнома огоҳонида мешуд, ки ширкат ҳатман бо сару либоси расмӣ.

Мутаассифона, ман либоси расмӣ надорам ва дар умри сарам галстук набастаам ва ҳамин тавр шиму костюм ҳам напӯшидаам. Аз ин хотир ба ҳамон як даъваташон ҳам нарафтам. Барои ҳамин гуфта наметавонам, ки дар он нишастҳо чӣ масоил ҳаллу фасл мешавад.

НАВИСАНДАҲОИ ТАРСУ Ё ХУШОМАДГӮ?

Озодӣ: Аммо нависандаҳо дар ин мулоқот аз мушкилоти хусусӣ гап мезананд ва ба унвони рӯшанфикр ва қишри зиёӣ аз мушкилоти мардум, аз мушкилоти ҷомеа чизе намегӯянд. Фикр мекунед, чаро адибон то ба ин ҳад хурд шудаанд, ки аз ифшои воқеиятҳо парҳез мекунанд, мисле, ки тарсуянд?

Баҳманёр: Гумон мекунам, ки аз як ҷиҳат тарсу ҳам ҳастанд. Ҷиҳати дуввум хушомадгӯ ҳам ҳастанд. Аз ҷиҳати сеюм манфиати шахсии худро аз манфиати ҷамъиятӣ боло мегузоранд. Ин як бадбахтии нависандаҳои имрӯзаи мост.

Баҳманёр дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе. Ҳангоми сӯҳбат бо Абдуқаюми Қаюмзод

ДУНЁИ ТАНГИ АДИБОН

Озодӣ:
Оё мешавад гуфт, ки нависандаҳои мо ҳанӯз ҳам қишри пешқадам, зиёӣ ва рӯшангару рӯшанфикранд, ки метавонанд дар афкору зеҳни ҷомеа нуфуз дошта бошанд?

Баҳманёр: Ман гумон мекунам, ки ин тавр нест. Зиёиёни мо чуноне дар рӯзнома ва маҷаллаҳо мехонем ва радиову телевизион мешунавему мебинем, агар як нафар аз онҳо тавассути ин минбарҳо суханронӣ кунад ва фикру ақидаи худро баён созад, ҳатман дар бораи дӯстони худ мегӯяд. Ё дар бораи маҳалли худ гап мезанад. Тоҷикистон пеши назари ӯ нест. Пеши назари ӯ ҳамон маҳалли хурд ва дӯсту руфақое, ки ҳамнишинаш ҳастанд: ё ғайбат мекунанд, ё арақхӯрӣ.

ДАР БОРАИ ҶАНГИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН


Озодӣ: Тоҷикистон як марҳилаи мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кард. Марҳилае, ки барои адибон як манбаъ ва маводи хеле дастрас барои навиштани асарҳои нав аст, аммо чаро адибони тоҷик дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ асарҳо наменависанд?

Баҳманёр: Гумон мекунам, ин ҷо шояд ду–се сабаб вуҷуд дошта бошад. Якум ин аст, ки нависандаҳои мо, баъзеашон, ки бо ман гуфтугузор мекунаду вомехӯрем (азбаски ман аз ҷанги шаҳрвандӣ дур будам ва воқеаҳоро бо чашми сар надидаам дар ин бора чизе нанавистаам) онҳое, ки дар ҳамин толоб ғӯтида буданд, онҳо ҳам ҳеҷ чиз навистан намехоҳанд. Ба наздикӣ як асар омад аз Маскав, аз як дӯстам расид бо номи "Хуррамобод", муаллифаш Андрей Волос. Ин асар дар бораи Тоҷикистон ва ҳаводиси байни ҷабҳаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва Хуррамобод, яъне ин Тоҷикистон аст. Нависанда, ки худ шоҳид будааст, хеле боинсофона навиштааст. Ҳам дар бораи ин гурӯҳ ҳам дар бораи он гурӯҳ ва ҳам дар бораи гурӯҳҳое, ки дар берун буданд. Гумон мекунам, ки дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳоло ягона асаре, ки хонда ва ба вай бовар карда мешавад, ин асари "Хуррамобод" аст. Аммо дигарҳояш чӣ тавр аст?

Дигарҳояш ин тавр аст, ки масалан ин ё он қумандоне, ки дар ҷабҳаҳои мухталиф буд, дӯстони худро мефармояд, ба онҳо пул медиҳад, ки дар бораашон бинависанд. Ахбори нодуруст ҳам медиҳанд. Ин гуна навиштаҳо хеле зиёд аст. Фикр мекунам ин як сабаби дигараш ҳам ҳаст. Сабаби сеюмаш ин ки дар бораи ин ҷангҳо саривақт навиштан ягон маъно надорад. Барои он ки ҳанӯз аз хотири мардум зудуда нашудааст ва ҳанӯз ҳам якдигарро таъна мекунанд, ки ин сар кард, вай сар кард, ё аз берун сар карданд ва ину он. Онҳо мегӯянд, ки як муддат бигзарад ва ин мавзӯъ пухта шавад. Аз як тараф гапашон дуруст ҳам ҳаст. Барои онки Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ”-и худро дар бораи ҷанги Наполеон баъд аз 80 сол навишт. Лекин он бузургтарин асар дар бораи ҷанги Франсияву Русия аст.

ҶОИЗАҲОРО БА КАСЕ МЕДИҲАНД, КИ...

Озодӣ: Ҳоло дар бораи додани ҷоиза ва унвонҳо ба нависандаҳо низ фикрҳои интиқодӣ зиёд садо медиҳанд. Мегӯянд, ки нависандаҳои нолоиқ ва носазовор соҳиби он мешаванд...

Баҳманёр: Чунин меҳисобам, ки дар ҳақиқат унвонҳо, ҷоизаҳо ва мукофотҳо ба одамҳое, ки сазовор нестанд, дода мешавад. Дар давраи Шӯравӣ чӣ тавр буд? Дар давраи Шӯравӣ асарҳоро муҳокима мекарданд, муҳокимаи сахт. Китобро, ки барои чоп меоварданд аз чандин зинаи санҷишу озмоиш ва имтиҳон мегузашт. Комиссияи махсус барои мутолиа ва арзёбии китобҳо амал мекард. Ҳозир китобҳоро касе намехонад. Чун ҳеҷ як комиссия намехонад, кӣ ба кӣ ва чӣ баҳо диҳад, намедонад. Он вақт баҳо медиҳад, ки як нафар хонааш рафта бошад, ё зиёфат дода бошад, ё хешу табораш бошад, дар ин сурат ба ӯ овоз медиҳад. Ман як мисол меоварам. Китоби ман бо номи “Сармаддеҳ” дар қатори беш аз даҳ асари дигар барои дарёфти ҷоиза пешниҳод шуд. Ба ин асари ман тақрибан овоз надоданд. Тасаввур кунед, ки Баҳманёр ду овоз мегирад Маъруф Бобоҷон, ки умуман ба адабиёт дахл надораду публисистика менависад, 15 овоз мегирад. Ё як нафар, ки дар аввалҳо хуб менавист, вале асари пешниҳодкардааш як пул арзиш надошт, ӯ мукофот мегирад. Ин қабил корҳо хеле зиёд аст.

Озодӣ: Фикр мекунед, дар ин ҷо нақши сиёсат ҳаст?

Баҳманёр: Умуман ба сиёсат кор надорам ва намедонам нақши сиёсат ҳаст ё не. Баъзеҳо мегӯянд, ки аз боло фармон мешавад ва инҳо овоз медиҳанд. Чун ба ин чизҳо, ки худам ворид нестам, чизе гуфта наметавонам.

“ИТТИҲОДИЯИ НАВИСАНДАГОН ФАЛАҶ ШУДААСТ.”

Озодӣ: Оё муҳити имрӯзаи Иттиҳодияи нависандагон адабиву эҷодӣ аст?

Баҳманёр: Гумон мекунам, ки нест. Ба чӣ хотир? Ба хотири он ки фалаҷ шудааст. Хазинаи адабӣ кор намекунад, шӯъбаи тарғибу ташвиқи адабиёт кор намекунад ва вақте ин ду шӯъбаи асосӣ кор накард, як муҳити солим ба миён омаданаш дар гумон аст. Хуб, гоҳо мешавад, ки дар расми муаррифии китоб даъват мекунанд. Аммо дар ин маросим ба кадом хотир мераванд? Ба хотири он ки баъд аз он зиёфат дода мешавад.

Озодӣ: Ба унвони нависанда фикр намекунед, ки арзиш ва меъёрҳои ҷомеа иваз шудааст. Имрӯз ин ивазшавӣ бештар аз ҳама дар чӣ зоҳир мешавад?

Баҳманёр: Пеш аз ҳама мехоҳам бигӯям, ки он сухане, ки шумо гуфтед онро Горкий гуфтааст. Горкий дар солҳои 1930 гуфтааст. Тасаввур кунед, ки дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳам мардум китоб ва рӯзнома мехонданд. Пас аз ҷанг ҳам, ки бунёди сохтмонҳои азим ва барқарории баъди ҷангӣ дар нақша буд, мардум китоб мехонданду рӯзнома. Солҳои 70-80, ки мардум хеле зиёд мехонданд. Масалан, маҷаллаи “Садои Шарқ” дар давраи Убайд Раҷаб 65 ҳазор нусха ва ба теъдоди 35 ҳазор дар давраи Лоиқ Шералӣ чоп ва паҳн мешуд. Устод Убайд Раҷаб хеле заҳматкаш буданд. Тамоми ноҳияҳо мерафт. Вале устод Лоиқ дар ин масъала як каме бепарво буд. Шоири барҷаста буд вале дар ин масъалаҳо бепарво буд. Имрӯз агар теъдоди маҷаллаи моро донистан хоҳед, ба шумо мегӯям, ки 700 дона аст. Ҳоло худатон қиёс кунед ва хулоса бароред.

Имрӯз мардум китобу рӯзнома намехонад. Пас аз куҷо фарҳанги мардум боло равад? Баъдан китобҳое, ки мардум мехонад, китобҳои хонданӣ нест. Ҳар кӯру каллу шал китобнавис шудааст. Раиси колхоз пул дорад, китоб чоп мекунад, раиси корхона пул дорад, китоб чоп мекунад. Боз роман ва повест чоп мекунад, ки дар ҳайрат мемонед. Дар гузашта, пеш аз чоп дар Иттифоқи нависандаҳо асар муҳокима мешуд. Баъд онро нашриёт барои се тақризи пинҳонӣ ба се мунаққид мефиристод. Он се тақриз ва хулосаи Иттифоқи нависандагонро нашриёт мегирифт ва агар асар сазовори чоп буд, чоп мекард, сазовори чоп набошад баргардонида, ба муаллиф медод. Имрӯз ин тавр нест ва ҳар кас, ки пул дошта бошад, китоб чоп мекунад.

“ПУЛ БА ҶОИ АВВАЛ БАРОМАДААСТ”

Озодӣ: Вале манзурам фақат чопи китоб набуд. Ҳоло, ки мушоҳида мешавад ҳамаи чиз аҳамият ё арзиши моддӣ-иқтисодӣ касб кардааст, ҳатто меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои маънавӣ ҳам бо тарозуи иқтисод кашида мешаванд...

Баҳманёр: Арзишҳои ахлоқӣ хеле коста шуданд. Барои он ки имрӯз дар мактабҳо дарс ба номаш дода мешавад. Ягон талаба хоҳиши хондан надорад. Алоҳида-алоҳида дар ягон синф пайдо шавад, мешавад. Дигар ин ки хонандаҳо мебинанд, ки бо пул меравию ба мактабҳои олӣ дохил мешавӣ, бо пул аз устод имтиҳону санҷишро мегирӣ ва ин муҳит хоҳиши хонданро аз дили талаба берун мекунад.

Ё, масалан, дар арсаи табобату беҳдошт. Назди табиб ва пизишк бепул равед, шуморо табобат намекунад, ҳатто нигоҳ намекунад. Пул диҳед, ба шумо як ҷойи хуб ҳам ёфта медиҳад, ки хоб равед. Агар боз мансабдоре бошеду аз шумо пули бештаре умедвор бошанд, ба шумо як ҳуҷраи алоҳида медиҳанд, ки телевизор ҳам дораду ташноб ҳам. Натиҷаи ҳамаи ин он хоҳад шуд, ки мардум хонданро фаромӯш мекунад. Вақте бохабар мешавад, ки бо бунбаст рӯбарӯ шудааст. Ҳозир пул дар ҷойи аввал баромадааст. Китобу мактабу дигар-дигар чизҳое, ки одамро обод мекунад аз байн рафтааст. Яъне дигар дониш қадр надорад ва пул аст, ки арзиш дорад.

Озодӣ: Як чизи дигарро ҳоло зиёд мегӯянд: таърифи истиқлол ва шукрона аз он. Имрӯз онҳое аз он шукр мекунанд, ки аслан намехостанд, ки Тоҷикистон мустақил бошад...

Баҳманёр: Гумон мекунам, ин ҷо як масъалаи ба чашм зананда аст. Он масъала ин аст, ки дар воқеъ онҳое, ки намехостанд истиқлол пирӯз шавад, онҳо имрӯз аз он истиқлол баҳраҳои зиёд бардоштанд. Аз ин баҳрабардориашон шукргузор ҳастанд. Ҳоло онҳое, ки аз онҳо кӯмак дарёфт мекунанд, хеле таърифашон мекунанд. Онҳое, ки масалан дар давраи Шӯравӣ ризо буданд, гумон карданд, ки истиқлол мешаваду ба онҳо бадбахтӣ меояд, онҳо норизо буданд ва дар як вақт миёнааломот монданд. Ҳозир онҳо намедонанд, ки ба кадом тараф: -ба ин сӯ, ё ба он сӯ тоб хӯранд. Оқибаташро намедонанд, оқибаташро андеша намекунанд. Гумон мекунанд, ки агар ин тавр гӯянд, онҳоро сарзаниш мекунанд ва аз ҳамин рӯзи доштаашон ҳам мемонанд. Онҳое, ки соҳиби чизу чора ва сарвату пул шуданд, дигар аз он ки аз истиқлол норозӣ буданд, фаромӯш кардаанд ва баръакс ҳоло розианду шукрона мекунанд.

АГАР ДУБОРА ТАВАЛЛУД МЕШУДАМ...

Озодӣ:
Агар ҷавон мешудед, боз ҳам нависанда мешудед?

Баҳманёр: Ҳеҷ гоҳ.

Озодӣ: Чаро?

Баҳманёр: Барои он ки аз нависандагӣ ман ягон рӯзи хуш надидам. На дар давраи Шӯравӣ на дар давраи имрӯза.

Озодӣ: Дар давраи Шӯравӣ ба ҳар сурат хуш будед...

Баҳманёр: Дар давраи Шӯравӣ ҳам як нависандаи аз ким-куҷо пайдошуда менамудам. Барои он ки сабки ман ба сабки ягон кас монанд нест. Инро ба хубӣ медонистанд. Вақте ки ин сабки маро медиданд ба ман бад-бад нигоҳ мекарданд, пешипо мемонданд ва қабул надоштанд.

Имрӯз чи тавр аст. Аввал бояд спонсор-сарпараст ёбам. Аз ӯ пул гирифта ва бо ҳамон пул китобро чоп кунам. Севвум он китобҳоро худам фурӯшам. Масалан, романи охирин ман “Шоҳаншоҳ” панҷ сол пеш чоп шуда буд. То имрӯз дар мағозаҳо хоб аст. Аз куҷо ба ман пул меояд? Ё аз куҷо ба он сарпарасте, ки ба ман пул қарз дода буд, қарзашро бозгардонам? Пас, аз чӣ хуш шавам?

ВИЖДОНИ МИЛЛАТ КИСТ?

Озодӣ: Ба ҳар сурат, оё метавон нависанда ва ё шоири имрӯзаи тоҷикро зиёӣ гуфт?

Баҳманёр:
Ман гумон намекунам. Нависандаи тоҷикро наметавон бо нависандаҳои дигар мамлакатҳо, албатта, мамолики пешқадам муқоиса кард. Масалан, Фолкнер ва Ҳемингуей дар Амрико ҳам шӯҳрат доштанд ва ҳам пул. Ё Сарту Камю дар Фаронса ҳам шӯҳрат доштанд ва ҳам пул. Ин нависандаҳои миллат ва виждони миллаташон буданд. Чи хеле, ки дар вақташ Пушкин виждони миллати рус буд. Чи хеле ки дар вақташ Айниву Лоҳутӣ виждони миллати мо буданд. Имрӯз киро мешавад виждони миллати мо гуфт?

Озодӣ: Яъне намешавад касеро виждони миллат гуфт?

Баҳманёр: Не, ҳеҷ гоҳ. Ин фикри шахсии ман аст.

АҲВОЛИ БАДИ “ШОҲАНШОҲ”

Озодӣ:
Кадоме аз китобҳои шумо бо тиражи зиёд нашр шуд ва ҳаққи қалами аз ҳама зиёди шумо аз кадоме аз онҳо буд?

Баҳманёр: Китоби “Аспи обӣ” аз ҳама тиражи бештар дошт. Баъдан, “Дуди ҳасрат” буд, ки дар замони Шӯравӣ дар замони байни ҳодисаҳо чоп шуд. Пас аз он ман ду китоби дигар чоп кардам яке бо номи “Сармаддеҳ” ва дигаре “Шоҳаншоҳ”ва ҳарду ҳам бо тиражи 1000 нусха. “Сармаддеҳ”-ро як бало карда фурӯхтам. “Шоҳаншоҳ” чи хеле гуфтам дар китобфурӯшиҳо хоб аст. Аз инҳо ман пули гирифтаамро ҳисоб карда наметавонам. Барои чӣ? Барои он ки як китобро фурӯшанда шояд дар муддати як моҳ фурӯшад. Ман меравам аз ӯ он пулро масалан бист сомониро мегирам. “Шоҳаншоҳ” аҳволаш ҳамин аст. Хуб, албатта, ёру рафиқоне ҳастанд, ки мехоҳанд, маро кӯмак кунанд. Сад сомонӣ, дусад сомонӣ медиҳанд, чун медонанд, ки имрӯз рӯзи нависанда хеле сахт аст.

“БА НАВИШТАН ОДАТ КАРДААМ”

Озодӣ: Аммо вақте медонед, ки мардум намехонад ва намехарад барои чӣ ва барои кӣ менависед?

Баҳманёр: Ман ба навиштан одат кардам. Навиштан як машғулияти доимии ман аст. Ҳар рӯз ақаллан як ҷумла ва ё як абзатс нанависам, касал мешавам. Менависам. Лекин дар фикри чопаш нестам. Барои он ки медонам хонанда надорам. Хонандаҳое, ки ман доштам аз байн рафтанд. Аз байн нарафта бошанд ҳам, ҳозир дилмонда шудаанд, намехонанд. Чуноне гуфтам адабиёти имрӯза бо ҳар хасу хошок омехта шуд ва мардумро дар аъроф, барзах монд.

Намедонад, ки кадоме аз ин китобҳоро бихонад. Барои он ки нақди адабӣ имрӯз китобҳоро муаррифӣ карда наметавонад. Масалан, ин китоб арзанда аст, ба адабиёт навигарӣ овардааст ва ё баръакс чизе нест, мутолиаи он танҳо барбод додани вақт аст, гуфта наметавонад. Лекин он нафароне, ки дӯстонашон ҳастанд ва ба мукофоту ҷоизаҳо пешниҳод мешаванд, супориш медиҳанд ё пул, ки дар бораашон менависанд. Аз ин хотир ҳоло хонандаи имрӯза дар барзах мондааст намедонад чиро бихонад. Аз он ҷумла маро ҳам. Лекин ман менависам.

Озодӣ: Ҳоло чӣ менависед: Повест, роман, ҳикоя?

Баҳманёр: Ман, агар бохабар бошед, ҳар сол ду-се ҳикоя дар “Садои Шарқ” чоп мекунам. Ҳоло китоби дуюми “Сармаддеҳ” омодаи чоп аст. Агар Худо хоҳаду ягон сарпараст ёбам, дар ягон нашриёт чоп мекунам. Агар он сарпараст олиҳиммат бошад ва қарз неву ҳамин тавр инъом диҳад, ба фоидаи хонанда, аз ҷумла шумо, мешавад.

НАВИСАНДАҲОИ ОЯНДА КУ?

Озодӣ: Нависанда Баҳманёр ин шабу рӯзҳо ба чӣ кор машғул аст?

Баҳманёр: Нависанда Баҳманёр ҳоло дар “Садои Шарқ” кор мекунад. Мудири шӯъбаи очерк ва публитсистика аст. Ҳоло як чиз ба ёдам расид. Шӯъбаи очерк ва публитсистика дар даҳ соли ахир ҳамагӣ шаш муаллиф дорад. Ва ин шаш муаллиф синнашон аз 60 гузаштааст. Дар пайи инҳо ягон нафаре нест, ки ҷонишини онҳо шавад. Аз устодони факултаи журналистика мепурсам, ки ку нависандаҳои оянда, мегӯянд, ки аз онҳо чизеро мунтазир нашавед. Ҳамин тавр вазъият аст

Озодӣ: Шояд ба хотири он ки ҳаққи қалам намедиҳанд...

Баҳманёр: Не, як замон ҳаққи қалам аслан набуд, ё кам буд. Вале ҳоло дода мешавад ва гумон намекунам, ки ҳаққи қалами мо бад бошад. Дар маҷаллаи “Садои Шарқ” бахше ҳаст бо номи “Турфаҳо”, ки онро худам ташкил додам. Маводашро худам барои чоп омода мекунам.

Озодӣ: "Турфаҳо" яъне чӣ?

Баҳманёр: Турфа як чизи ғайриоддӣ, ғайричашмдошт, як чизе, ки на дидаанд ва на шунидаанд. Яъне онеро, ки ман пешниҳод мекунам, ҳоло нахондаанд.

Озодӣ: Як вақтҳо мегуфтед, ки зани зебо ҷаннати чашму дӯзахи рӯҳ аст. Ин назаратон ҳоло ҳам боқист?

Баҳманёр: Боқӣ...

Зиндагиномаи Баҳманёр

Баҳманёр Арабзода Аминӣ. Нависанда, мудири шӯъбаи очерк ва публитсистикаи маҷаллаи “Садои Шарқ”. Дастпарвари риштаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ. Фаъолияти кориро аз Иттиҳодияи киноматографистони Тоҷикистон оғоз кардааст.

Баъдан барои кор ба рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» даъват мешавад. Сипас, корро дар маҷаллаи “Садои шарқ” идома медиҳад. Нахустин асари ӯ бо номи “Ишқи сайёд” чоп мешавад. Баъдан “Аспи обӣ” ва “Дуди ҳасрат” нашр ва ба дасти хонанда мерасанд. Дертар “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” чоп мешаванд.

Осори ӯ ба забонҳои русӣ, фаронсавӣ, инглисӣ, чехӣ ва ғайра нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи адабии устод Айнӣ. Оиладор, соҳиби ду писар ва ду духтар.
XS
SM
MD
LG