Пайвандҳои дастрасӣ

Борис Тадич, нишасти Варшаваро таҳрим кард


Борис Тадич, раиси ҷумҳури Косоворо дар Варшава дидан намехостааст

Борис Тадич, раиси ҷумҳури Косоворо дар Варшава дидан намехостааст

Борис Тадич, раиси ҷумҳури Сербистон аз ширкат дар нишасти қарибулвӯқӯъи сарони кишварҳои аврупоӣ ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба нишони эътироз аз даъвати раҳбари Косово ба он, даст кашидааст. Дафтари раиси ҷумҳури Сербистон имрӯз гуфт, Борис Тадич бинобар ҳузури Атифата Ҷаҳҷага, раиси ҷумҳури Косово дар нишаст, дар он ширкат нахоҳад кард. Косово, ки устоне дар Сербистон буд, соли 2008 якҷониба худро мустақил эълом кард, вале онро давлати Сербистон ба расмият намешиносад. Бино ба гузоришҳо, раҳбарони Руминия ва Словакия ду аъзои Иттиҳодияи Аврупо, ки Косоворо ба расмият намешиносанд, дар нишасти дурӯза дар шаҳри Варшава ширкат намекунанд, ки ба он Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа мепайвандад.
XS
SM
MD
LG