Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар Яман 7 кушта ва 40 захмӣ бар ҷой гузошт


Ба думболи сарпечии Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман, аз пешниҳоди супурдани ҳукумат, миёни нерӯҳои амниятӣ ва размандони қабилаҳои мухолифи давлат ҷанг бархост. Дар ин ҷангҳо дар шаҳри Санъо, аз рӯзи душанбе шурӯъ шуд, 7 нафар кушта ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Аз моҳи феврал то кунун садҳо ҳазор яманӣ ба хиёбонҳо рехта, хостори истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд, ки 32 сол боз дар Яман ҳукумат мекунад. Ӯ рӯзи якшанбе дар охирин лаҳза аз имзои созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии кишварҳои арабӣ даст кашид, ки бар асоси он бояд то 30 рӯз ҳукуматро ба каси дигар месупурд.
XS
SM
MD
LG