Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш даста дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC


Шаш даста, ки дар сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ғолиб шуд, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа гардид.

Мусобиқа дар се гурӯҳ баргузор шуд ва аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Аз гурӯҳи “А” тимҳои “Пномпен Краун”-и Камбоҷа ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон (сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду даста, ки рӯзи 25-уми сентябр дар Камбоҷа баргузор мешавад), ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки аз гурӯҳи “В” дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (ғолиби гурӯҳ) ва тими мизбон - “Яданарбон”-и Мянмар соҳиби роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ шуданд.

Дастаҳои “Тайван Пауэр Компани”-и Тайван ва “Балкан”-и Туркманистон, ки дар сабқати гурӯҳи “С” мувофиқан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор гирифтанд, дар марҳилаи ниҳоӣ ширкат хоҳанд кард.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Қуръакашии сабқати ниҳоӣ дертар доир хоҳад шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳамаи шаш кишвари ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоӣ имкон додааст, ки барои мизбонии сабқат мубориза барад.

Ба иттилои масъулини бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, Тоҷикистон барои баргузории марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC-2011 дар кишвар ба Конфедератсияи футболи Осиё дархост пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG