Пайвандҳои дастрасӣ

ICG мегӯяд, Тоҷикистон ниҳоят осебпазир шудааст


Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар гузориши тозае мегӯяд, Тоҷикистон ончунон осебпазир шудааст ва аз қиёмҳои мардумӣ, ки Ховари Миёна шоҳид шуд, эмин нест. Дар ин гузориши бештар аз 20 саҳифаӣ ба омилҳои таҳдид ба амнияти Тоҷикистон пардохта ва гуфтаанд, давлат дар таъмини мардум бо хадамоти аввалия оҷизтар мешавад, фасод ба ҳадди нафасгиркунанда боқӣ мемонад ва амалиётҳои номуввафақи чанде пеш алайҳи тундравон нишон дод, ки ҳукумат ҳатто дар рафъи як хатари амниятии хурд мушкилӣ мекашад. Роберт Темплер, раҳбари барномаи Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар Осиё мегӯяд, агарчӣ раиси ҷумҳур Раҳмон, такрори қиёмҳои Шимоли Африқоро дар Тоҷикистон имконнопазир медонад, аммо вазъ ба ҳадде расидааст, ки як мушкили сатҳи маҳаллӣ метавонад ба таҳдиде ба худи ҳукумат табдил ёбад. Ӯ афзудааст, қиёмҳои Ховари Миёна хашми мардуми дар назар ғайрифаъолро нишон дод ва агарчӣ Ховари Миёна аз Тоҷикистон дур аст, аммо Қирғизистон ҳамсояи Тоҷикистон ҳам шоҳиди ин ҳол буд. “Ва Тоҷикистон ҳам аз ин эмин нест”.
XS
SM
MD
LG