Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба 12 ширкати дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд.

Дар номаи хадамоти алоқа ба ширкатҳои интернетӣ омадааст, ки бинобар зарурати корҳои техникӣ дар амри қатъи муваққати дастрасӣ ба сайти тураҷон.сом мусоидат кунанд. Замони қатъи муваққати сайт дар номаи мазкур зикр нашудааст.

Ва аз рӯзи 20-уми май ба ин сӯ дастрасӣ ба торнамои turajon.сom аз сӯи бархе ширкатҳо маҳдуд шуд ва аз рӯзи гузашта ширкатҳои бештаре ин дархости Хадамоти алоқаро ба иҷро дароварданд. Ва акнун дастрасӣ ба пойгоҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар Тоҷикистон маҳдуд буда, дар аксари маврид, тавассути филтршикан ё проксӣ имконпазир аст.

САЙТИ МАЪРИФАТИВУ ИСЛОМӢ НА СИЁСӢ

Мақомоти Хадамоти алоқаи вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон аз ҳар гуна изҳори назар дар робита ба ин номаи худ ба ширкатҳои интернетӣ худдорӣ кардаанд.



Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон, раҳбари бонуфузи Иттиҳони мухолифони пешин ва муовини собиқи сарвазири кишвар, ки феълан ба манзури ширкат дар ҳамоише ба Русия сафар кардааст, мегӯяд, чунин коре бар хилофи усули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифта ва амале норавост ва бояд ислоҳ шавад.

Ӯ мегӯяд: «Ин амал мухолифи Қонуни асосӣ ва
Сафҳаи аввали сайти Тураҷонзодаҳо

қонунгузориҳои Тоҷикистон аст. Ин сайти мо ҳатто сайти сиёсӣ ҳам нест, як сайти маърифатӣ ва исломӣ аст. Ҳоло, мутаассифона, ҳукумати мо агарчанде гуногунандеширо Қонуни асосии мо иҷоза додааст, аммо ҳар гоҳе хоста бошад, Қонуни асосиро зери по мекунад. Манъ кардани онҳо ин заъфи худи онҳоро нишон медиҳад. Ин нишон медиҳад, ки онҳо аз сухани ҳақ метарсанд.»

ЧАРО САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО БАСТА ШАВАД?

Оқои Тӯраҷонзода, ҳамчунин гуфт, ки аксари корбарони сайти turajon.сom ва касоне, ки ба он ворид мешаванд, умдатан дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз як соли пеш ба ин сӯ фаъол шуда буд, ки ба гуфтаи масъулoни он то кунун ҳудуди яку ним миллион корбар аз он дидан кардааст. Дар ин сомона суолу ҷавоби ин рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон бо хонандаҳо ва ҳам навори мавъизаҳояшон, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ироа мешавад, ҷойгир шудааст.

Номаи Хадамоти алоқа ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет


Ҳоло дар ин сомона китобҳои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз ҷумла китобҳои "Ҷойгоҳи зан дар ислом", "Масҷид ва ҷомеа" ва ҳамчунин "Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам" дастрасанд.

Сомонаи turajon.сom дар ҳоле масдуд шудааст, ки ба думболи нашри китоби ахири Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода нашриёте, ки онро ба нашр расонида буд, таҳти фишор қарор гирифта ва масъулини вазорати фарҳанг асноди ин нашриётро барои доштан ё надоштани иҷозаи нашри китобҳои динӣ мавриди бозрасӣ қарор додаанд.

ТАҶРИБАИ МАСДУДИЯТИ СОМОНАҲО

Аммо масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи наве нест. Дар тирамоҳи соли гузашта ба думболи оғози даргириҳо дар шарқи Тоҷикистон, чанд торнамои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла tojnews ва avesta, инчунин centrasia.ru ва fergana.ru масдуд шуданд. Он замон низ далеле, ки мақомот пеш оварда буданд, иллати техникӣ буд, аммо то ҳанӯз ҳам он далели техникӣ мушаххас нашудааст, ки чӣ аст.

Аммо коршиносон иллати аслии масдуд шудани сайтҳоро нигаронии мақомот аз интишори ахбор роҷеъ ба авзои шарқи Тоҷикистон унвон мекарданд. Хуршеди Атовулло, дабири
Хуршеди Атовулло

кулли Медиа Алянси Тоҷикистон мегӯяд: «Бояд, ки ширкатҳо ҳамон иллати техникиро ба муштарии худ бифаҳмонанд. Замони он корҳои техникие, ки бояд иҷро шавад низ бояд мушаххас бошад. Чун онҳо аз муштарӣ ҳаққи иштирок мегиранд ва муваззафанд, ки чунин кунанд. Аммо мутаасифона пеш овардани далели муваққати техникӣ барои ин сайт аз таҷрибае, ки мо дорем, баробар ба қатъи комили он хоҳад буд.»

ҲАДАФ ЧӢ ВА КИСТ?

Акнун низ ба назари коршиносон, техникӣ унвон кардани далели қатъи сомонаи turajon.сom бештар баҳона аст. Ва нигаронии мақомот бештар ба қавли таҳлилгарон аз теъдоди муроҷеъин ба ин сайт ва ба рағми таблиғоти густарда алайҳи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, афзоиши нуфуз ва эътибори ӯ ва бародаронаш дар миёни қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода танҳо раҳбари мухолифони пешини давлати Тоҷикистон аст, ки бештар аз ҳар каси дигар дар зарфи 20 соли ахир дар матбуоти Тоҷикистон мавриди ҳамла, танқид ва гоҳо иҳонат қарор гирифта ва зарфи ду моҳи охир ҳамлаи расонаҳои давлатӣ ба ӯ авҷи бештаре касб кардааст. Аммо ин ҳамлаҳо на дар ҳама маврид ба нафъи мухолифони оқои Тӯраҷонзода анҷом мешавад.

ҲОҶӢ АКБАР АҚЛИ МУФАККИРИ МУХОЛИФИНИ ПЕШИН

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар соли 1990 ба унвони Қозии

мусулмонони Тоҷикистон шӯҳрат пайдо кард ва аз нуфузи билқуввае дар ҷомеаи Тоҷикистон бархурдор шуд. Дар солҳои ҷанги дохилӣ ӯ яке аз раҳбарони муҳими ИНОТ буд ва ҳамаи давраҳои музокироти сулҳ аз сӯи мухолифонро раҳбарӣ кардааст.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ӯ чанд сол муовини аввали сарвазир ва баъдан узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон буд. Оқои Тӯраҷонзода дар соли 1999 бар сари ихтилофи назари андаке бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҲНИТ канор зада шуд. Рафтани ӯ аз ҲНИТ ва аз сафи ҳаракати мухолифон ба масобаи канор рафтани мағзи муттафакир ва муҳаррики аслии ин ҳаракат буд. Бо канор рафтани оқои Тӯраҷонзода, ИНОТ, ки ҳукумати Тоҷикистонро дар ҷанги дохилӣ тақрибан ба зону дароварда буд, амалан аз ҳам пошид.

Акнун ба мушоҳидаи соҳибназарон, бо гузашти солҳо ва бозгашти суботи фарҳангӣ ва фикрӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода боз ҳам ба унвони пешвои истисноӣ ё бебадали мазҳабӣ ва иҷтимоӣ, мағзи мутафаккир, ҳадафманд, муҳаррики ҷумбишҳои фикрӣ ва шахсияти хастагинопазир қад алам карда, балки боқӣ мондааст. Шояд мақомот аз ҳамин ноҳия нигарон бошанд, бо вуҷуде, ки ӯ гуфтааст, қасди бозгашти дубора ба сиёсати бузургро надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG