Пайвандҳои дастрасӣ

Вулқони Исландия, дар Аврупо дарди сар эҷод кард


Оташфишоне, ки бедор шуд ва ҳавопайморо маҷбур ба "хоб" кард.

Оташфишоне, ки бедор шуд ва ҳавопайморо маҷбур ба "хоб" кард.

Оҷонси назорат бар парвози ҳавопаймоҳо дар Аврупо эълом кард, ки бар асари паҳн шудани абрҳои хокистарӣ аз як оташфишони Исландия бар фазои Ирландияи Шимолӣ, Шотландия ва Скандинавия шояд парвози 500 ҳавопаймо лағв карда шавад. Брайан Флинн, намояндаи оҷонси Евроконтрол гуфт, то кунун парвози 252 ҳавопайморо лағв кардаанд. Вулқон ва ё оташфишони Гримсвотн дар Исландия, рӯзи якшанбе ба фаварони оташу дуд шурӯъ кард, вале ба гуфтаи мутахассисон бебандубории мисли соли гузаштаро ба вуҷуд нахоҳад овард. Соли гузашта вулқони дигаре сабаб шуд, миллионҳо мусофир дар саросари Аврупо бинобар лағви парвози ҳавопаймоҳо то шаш рӯз сарсону саргардон шаванд.
XS
SM
MD
LG