Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу аз ояндаи сулҳи Ховари Миёна хоҳад гуфт


Нахуствазири Исроил зимни суханронӣ дар як кумитаи бонуфузи ҷамъиятии Амрикову Исроил

Нахуствазири Исроил зимни суханронӣ дар як кумитаи бонуфузи ҷамъиятии Амрикову Исроил

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, имрӯз дидгоҳҳояш доир ба ояндаи сулҳи Ховари Миёнаро бо вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар миён хоҳад гузошт. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, мухолифи бозгашти Исроил ба марзҳои қабл аз ҷанги соли 1967 аст ва такрор кард, ки чунин марзбандӣ Исроилро “ғайриқобили дифоъ” мегузорад. Ҳафтаи гузашта Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, музокироти сулҳи миёни Исроил ва Фаластиниён бояд бар асоси марзбандиҳои соли 1967 ва пеш аз ишғоли Канори Ғарб, Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва Навори Ғазза аз сӯи Исроил сурат бигирад. Обама ва Нетаняҳу рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед доир ба ин масъала гуфтӯгуи сахте доштанд ва Обама баъди он гуфт, Амрико бо Исроил дар мавриди ҷараёни сулҳ “ихтилофи назар” доранд.
XS
SM
MD
LG