Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама меҳмони Елизаветаи 2 мешавад


Барак Обама ва хонумаш зимни вуруд ба фурудгоҳи Станстеди Бритониё

Барак Обама ва хонумаш зимни вуруд ба фурудгоҳи Станстеди Бритониё

Қарор аст, имрӯз Елизаветаи дуввум, маликаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Барак Обама ва хонуми ӯ Мишелро расман дар Кохи Бакингем дар Ландан ба ҳузур пазирад. Раиси ҷумҳури Амрико, назар ба барномаи пешин зудтар вориди Ландан шуд, то абрҳои хокистарии як оташфишони фаъоли Исландия монеъи парвози ҳавопаймои онҳо нашавад. Сафари Барак Обама ба Аврупо рӯзи душанбе бо боздидаш аз Ирландия, шурӯъ шуд. Барак Обама ва Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё дар мақолае муштараке дар рӯзномаи “Таймс” навиштааснд, ҳамкории ду кишвар “барои мо ва тамоми ҷаҳон зарурист.” Барак Обама баъди Бритониё барои ширкат дар нишасти гурӯҳи Ҷи-8 ба Фаронса ва сипас ба Лаҳистон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG