Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли парвандаи марги Сафаралӣ Сангов ба додгоҳ


Сафаралӣ Сангов қабл аз даргузашташ дар бемористони Қарияи Боло
Сафаралӣ Сангов қабл аз даргузашташ дар бемористони Қарияи Боло
Додситонии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанберо ба додгоҳ фиристодааст, ки ба гуфтаи наздиконаш бар асари латукӯби бераҳмонаи маъмурони милиса даргузашт. Сарвиноз Сангова, хонуми Сафаралӣ Сангов мегӯяд, шавҳарашро кормандони милисаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 1 март зимни боздошт ба ҳадде латукӯб карданд, ки баъд аз чаҳор рӯз фавтид. Баъди инъикоси густурдаи ҳодиса дар матбуот, додситонии Тоҷикистон алайҳи як нафар аз маъмурони милиса бо иттиҳоми "фаротар рафтан аз ваколатҳои хидматӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG