Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар маҳалли боздиди Аҳмадинажод


Субҳи сешанбе зимни боздиди Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон аз як полоишгоҳи нафтӣ дар шаҳри ҷанубуғарбии Ободон, бахше аз ин полоишгоҳ оташ гирифтааст. Ба гуфтаи хабаргузории нимарасмии “Форс”, иллати фаннӣ сабаби таркиш ва сипас оташсӯзӣ дар полоишгоҳ шудааст ва ду нафар кушта ва даҳҳо тани дигар дар он ҳодиса захмӣ шудаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод осебе надидаст ва суханронии ӯ дар маросим ифтитоҳи воҳиди тавлиди бензини полоишгоҳи Ободон мустақиман аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Оташнишинон баъди чанде оташсӯзиро фӯру нишондаанд.
XS
SM
MD
LG